Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“LizaMoon” 1 миллион вебсайтро аз кор баровард


Бар асари ҳамлаи ҳакерҳо беш аз як миллион сомонаи интернетӣ аз кор баромад. Ҳакерҳо дар роҳи вуруд ба ин сомонаҳо код гузошта, барои ворид шудан харидории як барномаи вижаи компутариро ба корбарон пешниҳод мекунанд. Ин бузургтарин ҳамлаи ҳакерҳо дар таърихи сисолаи Интернет арзёбӣ шуда, ба он “LizaMoon” ном додаанд. Аммо то кунун бар асари ин ҳамла асосан сомонаҳои кӯчак зарба хӯрда, то ҳол дар бораи асобат шудани сомонаи интернетии кадом ширкати бузургу шинохта гузориш нашудааст.
XS
SM
MD
LG