Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи рӯёрӯиҳо дар Либия


Дар Либия ҷанг миёни нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ва шӯришиён идома дорад.

Вале зоҳиран ҷомеаи байналмилалӣ ҳоло талошҳоро барои аз роҳи сиёсӣ ҳал кардани муноқиша дар ин кишвар бештар мекунад. Чун гурӯҳе аз атрофиёни баландпояи Муаммар Қаззофӣ аз ӯ рӯ тофтаанд. Ҳамзамон қудратҳои ғарбӣ ҳам аз ин гуфтаи худ даст мекашанд, ки бар асоси қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал, мусаллаҳ кардани шӯришиёни Либия мумкин аст.

ҚАЗЗОФӢ ТАНҲО МЕМОНАД?

Ба гузориши матбуоти Бритониё, як намояндаи ҳукумати Муаммар Қаззофӣ, барои музокироти махфӣ ба Лондон омадааст, то нақшаи аз қудрат рафтани раҳбари Либия тарҳрезӣ шавад. Бар асоси ин гузоришҳо, Муҳаммад Исмоил, як дастёри баландпояи Сайфулислом, писари Қаззофӣ дар ин бора бо мақомоти Бритониё чанде пеш гуфтӯгу кардааст. Аммо вазорати умури хориҷаи Бритониё ин гузоришҳоро таъйид накард, агарчӣ айни замон чанд мақоми баландпояи Либия, аз режими Қаззофӣ рӯ тофтанд.

Баландпоятарин онҳо, Мӯсо Кӯсо, вазири умури хориҷаи Либия аст, ки рӯзи чаҳоршанбе ба Бритониё фирор кард. Як мақоми дигари намояндагии Либия дар Созмони Милал низ рӯзи 31-уми март, ба истилоҳ аз ҳукумати Қаззофӣ бурид. Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё рӯзи панҷшанбе гуфт, рӯ тофтани Мӯсо Кӯсо ва дигар мақомоти баландпоя аз ҳукумати Қаззофӣ, нишон медиҳад, ки талошҳои дипломатӣ барои заъиф кардани режими ӯ самар медиҳанд: “Ин воқеъият, ки Мӯсо Кӯсо Либияро тарк кард, аз ҳукумат бурид ва аз мақомаш даст кашид, ба андешаи ман нишон медиҳад, ки дар дохили режим чӣ иттифоқ меафтад. Мо ба атрофиёни Қаззофӣ муроҷиат карда гуфтем, “Агар шумо намехоҳад бо ин режиме, ки ба мардуми худ бад мекунад, суқут кунед, пас ҳамин ҳоло аз он ҷудо шавед, тарк кунед ва таслим шавед. Ва ин муроҷиат ба баъзеҳо таъсир кардааст, ки ҳамин корро карданд.”



"ТАВОНИ НЕРӮҲОИ ҚАЗЗОФӢ ЗАЪИФ ШУДААСТ"

Дар Вашингтон Майк Муллен, фармондеҳи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико гуфт, бар асари ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои байналмилалӣ, “тавони низомии нерӯҳои Қаззофӣ ба таври ҷиддӣ заъиф шудааст.” Аммо гуфт, бо вуҷуди ин амалиёти низомӣ, қудрати нерӯҳои Қаззофӣ назар ба қудрати шӯришиён даҳ маротиба қавитар аст. Ва зоҳиран чунин аст, ки рӯзи панҷшанбе нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ дар наздикии шаҳри Брега, ҳамлаҳои шӯришиён барои пас гирифтани ин шаҳрро баргардониданд. Ба ғайр аз ин, артиши Либия ҳанӯз, бандарҳо ва анборҳои нафтии муҳим дар шаҳрҳои Рас Лануф ва Брегаро таҳти контрол дорад.

ЧИНУ ОЛМОН СУЛҲ МЕХОҲАНД

Фармондеҳони маҳаллии шӯришиён мегӯянд, то кунун ҳеҷ яке аз тарафҳо натавонистаанд, шаҳри соҳилии Брегаро ба таври комил ишғол кунанд. Ва рӯзи ҷумъа Олмон ва Чин бо судури баёнияи муштараке, хостори ҳалли мусолиматомез муноқиша дар Либия шуданд. Гуидо Вестервелл, вазири умури хориҷаи Олмон ва ҳамтои чинии ӯ Янг Ҷиечӣ, гуфтанд, ҳалли ин муноқиша аз роҳи низомӣ ғайримумкин аст. Ин ду кишвар ду ҳафта пеш аз раъдийҳӣ ба қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ, ки ҳарими ҳавоии Либияро барои парвозҳо мамнӯъ эълом кард, худдорӣ варзиданд.

Пеш аз ин, мақомоти НАТО гуфтанд, ба ин изҳороти Бритониё ва Амрико мувофиқ нестанд, ки гуфтаанд, бар асоси ин қатъномаи СММ, мусаллаҳ кардани шӯришиён дар Либия мумкин аст. Аммо Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО гуфт, маъмурияти онҳо дар Либия, муҳофизати ғайринизомиён аст, на мусаллаҳ кардани онҳо.
XS
SM
MD
LG