Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайроҳаи мушкилу тӯлонии соҳибкорони ҷавон


Солеҳ, як соҳибкори ҷавони тоҷик, се сол қабл аз Русия омада, тасмим гирифт, ки корхонаи қаннодӣ таъсис диҳад.

Вай мегӯяд, дар Русия низ ба тиҷорат машғул буд ва бовар дошт бо донишҳои андӯхтаи худ дар Тоҷикистон метавонад дар як муддати кӯтоҳ тиҷорати бузургу муваффақеро ба роҳ монад.
Дар кишвар бояд мактабҳои вижаи иқтисодӣ таъсис дода шавад ва дар донишгоҳҳо ҳам ба донишҷӯён иқтисоду соҳибкор на аз нигоҳи сирф илмӣ, балки мутобиқ ба шароити феълии ин соҳа дар Тоҷикистон дониш омӯхта шавад...


Аммо ҳоло бо таассуф мегӯяд, ки бо гузашти чанд сол аз шурӯи кори худ, ҳанӯз ҳам наметавонад дар ин ҷода комёбии бештареро ба даст орад. Корхонаи қаннодии ӯ, ҳоло бо чаҳор коргар танҳо фаъолият дорад, пешрафт не.

Солеҳ мегӯяд, "фоизи қарзе, ки бонкҳо ба соҳибкорон пешниҳод мекунанд, бисёр болост. Ман қарзи 26-фоиза гирифтам, бовар кунед, чунон мушкил буд, ки маҷбур шудам, чанд моҳ аз дӯсту наздиконам қарз гирифта, фоизи бонкро супорам. Пас аз он, андоз ҳам бисёр гарон аст, ба соҳибкоре, ки нав корро шурӯъ мекунад, ягон имтиёз дода намешавад. Шумо тоҷири навед ё таҷрибаи 10-солаи корӣ доред, фарқ надорад. Бояд маблағро ёфта, супоред. Ҳолатҳои бисёре буд, ки аз шурӯи ин корам изҳори пушаймонӣ кардам. Корҳои ғайриқонунӣ зиёд аст, ки мо соҳибкорон дар баробари он чизе карда наметавонем."



МУШКИЛҲО КАЙ ОСОН МЕШАВАНД?

Таҳлилгарон дар шароити феълӣ, соҳибкориро яке аз роҳи хуби аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил ва сарватманд шудани ҷавонон медонанд ва мегӯянд, шумори ҷавононе, ки ба ин соҳа таваҷҷӯҳ ва идеяву пешниҳодҳои ғайриоддӣ доранд хеле зиёданд. Вале шурӯи тиҷорат ва пешбурди муваффақонаи он барои аксари соҳибкорони ҷавони тоҷик ба осонӣ даст намедиҳад.

Гуфта мешавад, барои ноил шудан ба ин ҳама, онҳо бояд пайроҳаҳои тӯлониву мушкилоти фаровонеро паси сар кунанд. Пайроҳа ё монеаҳое, ки дар аксар маврид нақшаву ормонҳои соҳибкорони зиёди ҷавонро ба ҳам задаву боис ба дилсарду гурезон шудани онҳо аз ин майдон мешаванд.

Ҳарчанд бинобар таҳлилҳои ахири созмонҳои байналмилаллӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ вазъи пешбурди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба фарқ аз солҳои пеш беҳтар ва талошҳое ҳам ҷиҳати осонтар кардани пардохти молиёту ҳуҷҷатгузории бешумор анҷом шудааст.



Ҳасан Алиев, муттахассиси Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, дар ин зимн гуфт: "Албатта, монеаҳо ҳастанд. Инро касе инкор намекунад. Вале ба ҳар ҳол солҳои ахир муҳити соҳибкорӣ хеле беҳтар шудааст. Фарз кардем, қаблан гирифтани иҷозатнома душвор буд ва вақти зиёдро мегирифт, ҳозир ин осон шудааст. Ба ҷуз ин, тафтишу санҷишҳо зиёд буд, ҳоло ин ҳам таҳти назорат гирифта шудааст."

ДУШАНБЕВУ БИШКЕК МУҚОИСАШАВАНДААНД?

Бо ин ҳол, Константин Бондаренко, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Бозори озоди иқтисодии Тоҷикистон", ки бо соҳибкорони ҷавон кор мебарад, мегӯяд, пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигар, барои мисол ҳамсоякишвар Қирғизистон, мушкил аст.

Вай гуфт, "барои нафаре, ки тоза кори худро шурӯъ мекунад пас аз гирифтани иҷозатнома ва дигар санадҳо 21 навъи андоз муқаррар шудааст, ки на ҳама соҳибкори нав имкони пардохти онро доранду ба дарки он мераванд. Барои мисол, имрӯз дар Гурҷистон, барои соҳибкорон танҳо 6 навъи андоз пешбинӣ шудааст. Ё масалан дар Қирғизистон, ҳамсоякишвари мо, ки чандон бой ҳам нест, маблағи андозҳо камтар аз Тоҷикистон аст. Яъне, онҳо роҳҳои кам кардани андозро пайдо карда, ба мардум имкон медиҳанд, то соҳибкории худро ба роҳ монанд. Ё агар дар Тоҷикистон шумо ягон кори истеҳсолиро ба роҳ монданӣ бошед, бояд аз идораи давлатии стандарт қариб 10 иҷозатнома гиред. Ин ҳама, албатта, ҷавонеро, ки тасмими ба роҳ мондани тиҷорати худро дорад метарсонад ва онҳо дар дуроҳа қарор мегиранд, ё як чипта харида ба Русия сафар кунанд ё ин ҷо дар пешорӯи мушкилоти фаровон бимонанду заҳмат бикашанд."

Гуфта мешавад, аксари ҷавононе, ки имрӯз имкон ёфтаву фаъолияти соҳибкориро ба роҳ мондаанд, ба тиҷорати хурду миёна, аз ҷумла таъсиси мағозаву супермаркет ва марказҳои интернетӣ ё соҳибкорӣ дар самти фурӯши маводи ғизоӣ машғул ҳастанд. Зеро ба гуфтаи бархе аз мусоҳибони мо, соҳибкорони ҷавон, дар Тоҷикистон ба роҳ мондани тиҷорати бузург аз ҷумла тавлиду фурӯши моли саноатӣ ё истеҳсолот серхарҷ буда, ояндадор нест.

ФАЗОИ ТИРАИ ТИҶОРАТ

Давлатӣ будани замин ва низоми ношаффофи харидуфурӯши он як мушкили умда дар роҳи таъсиси соҳибкории бузург дониста мешавад ва аз сӯйи дигар барои ин ба қавли онҳо дар мақомоти болои бояд тоҷир воситае дошта бошад, то кораш пеш равад.

Константин Бондаренко, иқтисодчӣ ва раҳбари маркази "Бозори озоди иқтисодӣ" дар ин зимн меафзояд: "Ҳар раҳбар наздикони худро дастгирӣ ва дар рушди соҳибкории ӯ мусоидат мекунад, чунин амалҳои ғайриқонунӣ фазои тиҷоратро мушкил месозад. Бояд иҷрои қонун аз ҳама баробар талаб карда шавад. Дар акси ҳол мардум ҳамеша ба тиҷорати оддӣ машғул хоҳанд шуд, яъне аз як ҷо харидаву ҷои дигаре ба фурӯш мегузоранд ва таваккал ё риск намекунанд."

Аммо бо ин ҳама, ба гуфтаи муттахассисон, барои ба роҳ мондани тиҷорати бобарор ва бо вуҷуди ин ҳама мушкилот пеш рафтан, ба соҳибкорони ҷавон доштани донишу малакаи хуби иқтисодӣ зарур аст. Барои ин гуфта мешавад дар кишвар бояд мактабҳои вижаи иқтисодӣ таъсис дода шавад ва дар донишгоҳҳо ҳам ба донишҷӯён иқтисоду соҳибкор на аз нигоҳи сирф илмӣ, балки мутобиқ ба шароити феълии ин соҳа дар Тоҷикистон дониш омӯхта шавад.
XS
SM
MD
LG