Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад ангушти иттиҳом сӯи хориҷиён кард


Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, изҳор намуд, кишвараш ба сӯиқасди густарда рӯ ба рӯ шудааст, ки ҳадафи он - эҷоди монеъа дар роҳи рушди босуботи Сурия аст.

Башор Асад ахиран дар парлумон ба вакилон ва мардум паём ироа кард. Ба гуфтаи раисиҷумҳур, Сурия, ки он ҷо чанд ҳафта боз бенизомиҳо идома доранд, имтиҳони сангини ягонагиву ваҳдатро паси сар мекунад.

Дар робита ба нооромиҳои ахир, ки бар асари онҳо дасти кам 60 нафар кушта шудааст, Башор Асад гуфт: "Амр шуда буд, ки ба ягон шаҳрванди Сурия осеб нарасад. Ва аммо вақте ҳаводис ба хиёбонҳо мерезад, вақте табодули афкор дар он ҷо ва на дар чаҳорчӯби сохторҳои қонунӣ сурат мегирад, ин ҳама боиси дарҳаму барҳамӣ мегардад ва дар натиҷа ақидаҳои иштибоҳӣ боло мегиранду худ мерезад. Чунин ҳам рӯх дод ва мо ҳама инро медонем".

Башор Асад иқрор намуд, ки мақомоти Сурия натавонистанд бисёр ниёзмандиҳои мардумро бароварда созанд. Ва аммо ӯ аз ирои ваъдаи ислоҳоти бузург худдорӣ намуд.
XS
SM
MD
LG