Имрӯз ҳавопаймоҳои эътилофи байналмилалӣ нерӯҳои содиқ ба Муаммар Қазофиро ҳангоми ҳаракати онҳо ба тарафи шаҳри Рас Лануф бомбаборон карданд. Хабаргузори Рейтерз аз Рас Лануф иттилоъ медиҳад, ки зери оташи нерӯҳои Қаззофӣ нерӯҳои мухолифин ақибнишинӣ карда буданд, вале баъди ҳамлаи эътилоф мухолифин савори мошинҳо ба мавзеъҳои пештараашон дар атрофи Рас Лануф баргаштанд. Рӯзи сешанбе нерӯҳои мухолифин ба зодгоҳи Қаззофӣ шаҳри Сирт наздик шуда буданд, вале нерӯҳои содиқ ба Қаззофӣ бо оташи ҷавобӣ онҳоро ба ақибнишинӣ водор карданд.
Мухолифини Қаззофӣ боз ба Рас Лануф наздик шуданд
