Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин намоишгоҳи тахассусии кишоварзӣ, гулу гиёҳ ва фазои сабзи Эрон дар Душанбе оғоз ёфт.

Дар ин намошгоҳ теъдоди зиёди растаниҳои хушбуй, гулу гиёҳи ороишӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳамчунин панҷ ширкати маъруфи эронӣ, ки ба парваришу фурӯши гулу гиёҳ ва фанновариҳои ҷадид дар бахши кишоварӣ сарукор доранд, роҳкорҳои ҷадиди парвариши тимсоҳ, мурғи марҷон ё буқаламун, шутурмурғ ва бедонаро ба Тоҷикистон овардаанд.



Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин ширкати хадамотӣ-фаннӣ- муҳандисии «Отияи сабзи варна» ширкат дорад, ки соири ваксинаҳо барои бахши чорводорӣ ва паррандапарвариро муаррифӣ карда ва нияти ҳамкории густурда бо Тоҷикистон дар ин бахшро дорад.

Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ки ин намоишгоҳро ифтитоҳ кард, дар гуфтугӯ бо РО гуфт, ки ҳадаф аз ташкили ин намоишгоҳ, ҳамкорӣ бо Эрон дар бахши кишоварзӣ, ба хусус растанипарварӣ ва паррандапарварӣ аст.



Чизи ҷолибе, ки метавонанд алоқамандии кишоварзони Тоҷикистонро бифзояд, ин ироаи фанновариҳои ҷадид дар мавриди солим гардонидани замини корам аст, ки дар ҳоли ҳозир ба далели нақзи меъёрҳои агротехникӣ, беш аз сад ҳазор гектар замини корам дар Тоҷикистон бемор аст ва корношоям шудааст.

Ин намоишгоҳ то рӯзи дуввуми апрели соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат идома хоҳад ёфт ва мардум метавонанд аз ин гулу гиёҳи ба намоиш гузошта, харидорӣ кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG