Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саволи Шумо ба вакили Маҷлиси Намояндагон Олим Салимзода


Вакили парлумон Олим Салимзода омода аст, ба саволҳои хонандагони сомонаи “Озодӣ” дар робита ба тарҳи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма” ва масоили дигар посух бигӯяд.

Ҷаноби Салимзода, аз муаллифони тарҳи Қонуни “Воситаҳои ахбори омма”, бовар дорад, ки ин пешнависи қонун дар қиёс бо қонуни пешин, барои рӯзноманигорон майдони бештари фаъолияти озодро фароҳам хоҳад кард.

Вале хабарнигорон, созмонҳои рӯзноманигорӣ ва коршиносон мегӯянд, дар ин тарҳ дар заминаи сабти номи расонаю нашрияҳо ва дастрасӣ ба иттилоот норӯшаниҳо ба мушоҳида мерасад ва бояд ин камбудҳо ислоҳ шавад.

Олим Салимзода аз соли 2010 дар вазифаи раиси Кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси Намояндагон кор мекунад.

Вай соли 1956 дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада, соли 1978 Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм кардааст. Номзади илмҳои филологӣ, дотсент аст.

Ҷаноби Салимзода солҳои 1991-94 сардори раёсати табъу нашр ва муносибатҳои байналмилалии Вазорати матбуот ва иттилооти Тоҷикистон ва аз соли 1994 то соли 2000 дар вазифаҳои муовини аввал ва муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон фаъолият кардааст.

XS
SM
MD
LG