Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавошиносон: "Барф имсол кам захира шудааст"


Ожонсӣ ҳавошиносии Тоҷикистон ба наздикӣ дар мавриди захираи барф дар кишвар, пажуҳише анҷом додааст.

Бар асоси ин таҳқиқи ожонс, имсол дар кӯҳистони Тоҷикистон барф кам боридааст ва ин барф ҳам аз барфҳои солҳои пеш борида фарқ дорад. Саидаҳмад Дӯстов, муъовини раиси Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон дар ин замина гуфт:

Мувофиқи нақшаи ҳарсола, муассисаи мо дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ширкати “Барқи тоҷик” дар болоби дарёи Хингоб, Ёхсу, Сурхоб ва дигар рӯдхонаҳо дар мавриди захираи барф таҳқиқ гузаронд. Пас аз санҷиш маълум шуд, ки дар ҳақиқат, мувофиқи он ҷадвалҳои барфченкуние, ки дар болообӣ дарё васл шудаанд, қабати барф нисбат ба солҳои гузашта хеле камтар аст. Умуман, барф имсол кам захира шудааст. Дар болооби дарёи Хингоб, дар деҳаи Сангзор, ки чархболи мо фуруд омад, ташхиси намунаи барф, зичии он ва намнокии онро мо ташхсис кардем. Маълум шуд, ки қабати барф дар ҳамин минтақа нисбат ба соли гузашта, ки 60- 65 сантиметрро ташкил медод, якбаробар камтар аст. Мо аз ҷойҳои гуногун намуна гирифтем ва маълум шуд, ки имсол қабати барф 25 -30 сантиметр аст.

Суол: Пас, кам будани захираи барф ба сатҳи оби рӯдхонаҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад?

Ҷавоб: Кам захира шудани барф албатта дар ин ҷо метавонад, дар марҳилаҳои муайяни фаслҳои сол таъсир расонад. Дар зери таъсири баланд шудани ҳарорати ҳаво, барф ба обшавӣ сар мекунад. Аммо гӯем, ки ин таъсири зиёоновар ба сатҳи оби дарёҳо мерасонад, ин тавр нест. Вобаста ба хусусияти ғизогирӣ, дарёҳои мо, мисли Вахшу Сурхобу Ёхсу аз пиряху барфҳо ғизо мегиранд ва баробари баланд шудани ҳарорати ҳаво, сатҳи оби ин дарёҳо каме тағийр меёбад. Дар ҳолати сарфакорона истифода бурдани об ва роҳ надодан ба харҷи зиёдатии он бо мақсадҳои обёрӣ, мо метавонем, дар чуни ҳолатҳо обро дар обанборҳои нерӯгоҳҳо захира кунем.

Суол: Аз рӯи омӯзишҳои шумо, кай пиряхҳо ва умуман барфи баландкӯҳҳо ба обшавӣ сар мекунад?

Ҷавоб: Дар минтақаҳое, ки мо ҳар рӯз шарҳи боду ҳавояшро медиҳем, обшавӣ вобаста ба ҳарорати ҳаво аст. Ҳоло дар аксари минтақаҳои барфдор ҳарорати ҳаво мусбӣ аст, ки ин ба обшавии барф мусоидат мекунад. Фасли боришот ҳам дар пеш аст. Фақат умед ба барф нест. Ин ҷо аз ҳисоби бориш ва захираҳои обҳои зеризаминӣ ҳам метавонад, сатҳи оби дарёҳо зиёд шавад. Баъзе сол обшавии барфу пиряхҳо ба тирамоҳ рост меояд. Умуман, вобаста ба ҳамон ҳарорати ҳаво аст, ки дар кадом фасл чӣ гуна мешавад. Агар огаҳ бошед, муддати дуру дароз як хунукии сибирӣ ба Тоҷикистон ворид шуд, ки дар инҷо вобаста ба релефи ҷумҳурии Тоҷикситон, кӯҳсор будан, муддати зиёд боқӣ монд. Ҳамин хел омилҳои зиёдест, ки ба обшавӣ ва иқлими Тоҷикистон таъсир мекунад.

Суол: Ҳоло бо далели камобии рӯдхонаи Вахш дар Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқ шадидтар шудааст. Аз рӯи омилҳое, ки шумо гуфтед ва пешбиниҳое, ки мекунед, оё имкон баландшавии сатҳи оби ин рӯдхона вуҷуд дорад?

Ҷавоб: Оре, ҳоло боронгариҳои пай дар пай шуда истодааст. Дар баландкӯҳҳои аз сатҳи баҳр то 2,5 ҳазор метр, барф ба обшавӣ сар кардааст. Ин метавонад, сатҳи оби рӯдхонаи дарёи Вахшро боло кунад. Агар чунин идома кунад, дар рӯзҳои наздик оби дарё ба маҷрои муқаррарии солҳои дигар мерасад. Ҳоло дар таърихи 1-ум то 3-уми апрел бориш меборад. Дар охири моҳи март тағийротҳои ҷиддие ба вуҷуд наомадааст. Мисли чанд соли пеш аст. Аммо имкон дорад, ки сатҳи оби дарёи Вахш зиёд шавад ва обанбори нерӯгоҳи Норак пур гардад.
XS
SM
MD
LG