Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди мӯҳлати ҳабси гумонбарони таркиш дар "Домодедово"


Додгоҳи ноҳияи Басманнаяи Маскав мӯҳлати ҳабси Аҳмад ва Фотима Евлоевҳоро, ки дар ҳамдастӣ дар таркиш дар фурудгоҳи «Домодедово»-и Маскав айбдор мешаванд, барои ду моҳи дигар тамдид кард.

Сухангӯи додгоҳ Екатерина Короткова ба хабаргузории Инферфакс гуфтааст, ки хоҳар ва бародари маргталаби эҳтимолӣ Муҳаммад Евлоев то 21 май дар боздоштгоҳ боқӣ мемонанд.

Масъулияти таркиши маргталабона дар фурудгоҳи “Дододедово”-и Маскавро, ки рӯзи 24 январи соли равон ба вуқӯъ пайваст, Доку Умаров, раҳбари ҷудоихоҳони чечен, бар дӯш гирифтааст.

Ёдовар мешавем, бар асари таркиши маргталабона дар ин фурудгоҳ 37 нафар, аз ҷумла, 3 шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG