Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи "сулҳ" ва ё идомаи "набард"?


Мамадисо Саидов, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон даъвои худ нисбат ба Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили мудофеъро пас гирифтааст.

Ҷаноби Саидов ҳамроҳ бо се додраси дигар дар соли гузашта аз болои адвокат Ҷӯраев ва се нашрияи "Азия-Плюс", "Фараж" ва "Озодагон" ба додгоҳ шикоят бурда, хостори пардохти ҳудуди 5 миллион сомонӣ товони зарари маънавӣ шуда буданд.

Додрасҳо даъво доранд, ки дар мақолаи Солеҳҷон Ҷӯраев мавриди таҳқир ва тӯҳмат қарор гирифтаанд.

ДОДРАС ДАЪВОИ ХУДРО ПАС ГИРИФТ

Агарчанд ҷаноби Саидов баъд аз сактаи дил дар бистари беморӣ қарор дошт, ба Озодӣ гуфт, ки қабл аз оғози мурофиа, инчунин ба дунболи он, ки адвокат Ҷӯраев аз ӯ маъзарат хостааст, ба асоси оини ҷавонмардӣ ҳамин узри ӯро пазируфта, аз даъвои худ даст бардоштааст.

Феълан, Мамадасо Саидов, додраси Додгоҳи олӣ баъди пушти сар гузоштани сактаи қалбӣ, таҳти мудово қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж" низ мегӯяд, додрас Саидов даъвои худро пас гирифтааст, ки бо пешниҳоди додгоҳ миёни ҷонибҳо музокираи бо роҳи мусолиматомез ҳал кардани қазия идома дорад.

Ӯ гуфт, имкон дорад, ду додраси дигар низ, ки ҳам нисбат ба нашрияҳо ва ҳам нисбат ба адвокат Ҷӯраев даъво пешниҳод кардаанд, даъвои худро бозпас бигиранд ва ё шарти дигареро барои мусолиҳа пешниҳод кунанд.

Оқои Атовулло мегӯяд: «Дар ҳақиқат судя Саидов телефонӣ ба ман ҳам гуфт, ки бо адвокат Ҷӯраев масъалаашро ҳал кардаст ва даъвое дигар надорад. Дар ҳоли ҳозир фақат масъалаи сулҳи миёни тарафҳо ва шарту шароити он баррасӣ мешавад. Онҳо гуфтанд, ки бо пешниҳоди омода, барои мусолиҳа ба мурофиаи навбатӣ меоянд. Имкони мусолиҳа аз идомаи баррасӣ бештар аст».

ТАСМИМ НИҲОӢ АЗ ДОДГОҲ АСТ...

Амриддин Сафоев, додраси додгоҳи ноҳияи Сино ва қозии парвандаи мазкур гуфт, ки дар воқеъ яке аз даъвогарон Мамадисо Саидов аз даъвои худ даст кашидаст ва ҷонибҳои дигарро ҳам бар сари мусолиҳа даъват кардааст. Аммо боз ҳам додгоҳ аст, ки дар ин маврид тасмим мегирад, ки кадом қарорро қабул кунад.

Оқои Сафоев гуфт: «Онҳо мақсад доранд, ки бо роҳи созиш ҳал кунанд, аммо ҳоло ҳеҷ чиз гуфта намешавад. Бо созиш ё бо роҳи дигаре, ки ҳал мекунанд ба суд пешниҳод мекунанд, аммо онро суд қабул мекунад ё намекунад, ин боз масъалаи дигар аст».

ЧАРО ИМКОНИ МУСОЛИҲА ПЕШ ОМАД?

Аммо чаро ба ин сурат имкони мусолиҳаи додрасҳо ва бозпас гирифтани даъвои онҳо аз додгоҳ пеш омад? Бархе аз коршиносон мегӯнд, ки фазои як соли охир дар кишвар, инчунин пуштибонӣ ёфтани нашрияҳо дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ва фишорҳо болои мақомоти Тоҷикистон рӯиҳамрафта ба нафъи матбуоти мустақил буд. Ва ин таҳаввулот, инчунин қазияҳои тӯлкашидаи дигари алайҳи матбуот ва нокомии мақомдорони даъвогар дар баробари онҳо, мақомоти кишварро барои мусолиҳа ба сари ин даъвоҳо боз доштааст.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, коршиноси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд: «Даъвоҳои мақомот алайҳи нашрияҳои мустақил ғайри мантиқӣ ва иҷронашаванда ҳастанд. Аз ҳар лиҳоз, аз лиҳози ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ. Масалан алайҳи «Миллат» вазорати кишвоварзӣ 1 миллион сомонӣ даъво кард, имрӯз суд бар сари 1500 сомонӣ қарор гирифт. Яъне зоҳиран гуё суд ба фоидаи вазорати кишоварзӣ ҳал шуда, аммо амалан ба нафъи «Миллат» анҷом ёфт. Ин масъала ва тӯл кашидани қазияҳои дигар нисбати рӯзномаҳо дар додгоҳҳо таъсир гузошт. Аммо як чизро рӯшан карданд ин даъвоҳо, ки қонунгузорӣ номукаммал аст. Яъне даъвогар бояд даъворо дар ҳадди имконпазир пешниҳод кунад, на чизеро, ки ғайри имкон аст».

РӮЗИ СУЛҲ ВА Ё ИДОМАИ "НАБАРД"?

Даъвои миёни додрасҳо ва се нашрияву як адвокат аз як сол ба ин ҷониб идома дорад. Ин се нашрия мақолаи адвокат Солеҳҷон Ҷӯраевро дар мавриди парвандаи ба истилоҳ «исфарагиҳо» нашр карданд, ки дар он додрасон ба иқдоми ғайри қонунӣ ва гирифтани ришва муттаҳам мешуданд. Додрасҳо хостори пардохти 5 миллион товони зарари маънавӣ ва қатъи фаъолияти нашрияҳо то замони хулосаи додгоҳ шуда буданд.

Қарор аст, мурофиаи навбатии додгоҳӣ роҷеъ ба қазияи се нашрия ва се додрас рӯзи панҷшанбеи 31 март идома кунад ва он рӯз рӯзи сулҳи рӯзномаҳо бо додрасҳо ва ё идомаи набарди онҳо хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG