Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои нируманди ҷаҳон дар Лондон мулоқот мекунанд


Виллям Ҳейг
Виллям Ҳейг
Мулоқоти кишварҳои нируманди ҷаҳон дар Лондон идома дорад. Онҳо амалиёти ояндаи башарӣ дар Либия ва равандҳои сиёсии ин кишварро баррасӣ мекунанд. Виллям Ҳейг-вазири корҳои хориҷии Британия қабл аз оғози ин мулоқот гуфт:

“Мо ҳама хостори оташбас ва ба фикрам истеъфои Қаззофӣ ҳастем. Ин масъалаҳо рӯшан аст”.

Ин мулоқот дар ҳоле баргузор мешавад, ки нируҳои мухолифон бар зидди нируҳои ҳукуматӣ муборизаро идома медиҳанд. Задухӯрдҳо ба атрофи шаҳри Сирте зодгоҳи Муаммар Қаззофӣ расидааст. Ҳавопаймоҳои нируҳои эътилоф ва киштиҳои ҷангӣ нируҳои обии Қаззофиро дар соҳилҳои шимолӣ ҳадаф қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG