Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии дигарбораи Қонуни "воситаҳои ахбори омма"


Маҷлиси Намояндагон тарҳи Қонуни "воситаҳои ахбори омма"-ро ба баррасии дигарбора пешниҳод кардааст.

Қарор аст, ин тарҳи қонун дар ҷаласаи ҳайати давлат, кумитаҳои парлумон ва маҳфили хабарнигорон баррасӣ шавад.
Қонуни қаблии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон соли 1990 аз сӯи парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расида буд, ки ба қавли бархе коршиносон, то ба ҳол беҳтарин қонуни ин соҳа дар минтақа маҳсуб мешавад...


Пеш аз ин, хабарнигорон ва раҳбарони расонаҳои мустақили Тоҷикистон баррасии умумии ин тарҳро хоста буданд.

Аммо Олимҷон Салимзода, муаллифи ин тарҳ ва раҳбари Кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар парлумон гуфт, ки мавзӯи баррасии умумии ин пешнависи қонун матраҳ нашудааст.

Вай афзуд, хабарнигорон ва созмонҳое, ки алоқаманди ин масъала ҳастанд, метавонанд назару пешниҳодҳои худро барои комил кардани Қонуни “воситаҳои ахбори омма” ироа кунанд.

Ин дар ҳолест, ки хабарнигорони тоҷик мегӯянд, дар тарҳи ин қонун дар заминаи сабти номи расонаю нашрияҳо ва дастрасӣ ба иттилоот норӯшаниҳо ба мушоҳида мерасад ва бояд ин камбудҳо ислоҳ шавад.

Ҷаноби Салимзода, раҳбари гурӯҳи омода кардани лоиҳаи Қонуни воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон мегӯяд, дар қиёс бо қонуни пешин, ин тарҳи қонун барои рӯзноманигорон майдони бештари фаъолияти озодро фароҳам хоҳад кард.

Қонуни қаблии воситаҳои ахбори умуми Тоҷикистон соли 1990 аз сӯи парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расида буд, ки ба қавли бархе коршиносон, то ба ҳол беҳтарин қонуни ин соҳа дар минтақа маҳсуб мешавад, аммо қонуни нав ба ҳеҷ ваҷҳ аз он беҳтар нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG