Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигор дар таҳқири Лукашенко айбдор мешавад


Александр Лукашенко
Александр Лукашенко
Дар Белорус хабарнигори рӯзномаи маъруфи лаҳистонии «Газета Виборчей» Анджей Почобут дар таҳқири раисиҷумҳур Александр Лукашенко айбдор мешавад. Дар сурати тайиди иттиҳом ба хабарнигор ду соли маҳбас таҳдид мекунад.

Додситонии Белорус хабар дод, ки иттиҳом дар асоси даҳ матлаби нашркардаи Почобут дар рӯзномаи «Газета Виборчей» ва дар як сомонаи интернетии мухолифин эълон шудааст – дар онҳо хабарнигор аз тарзи раҳбарии мустабидонаи Лукашенко сахт интиқод кардааст.

Анджей Почобут дар шаҳри Гродно, воқеъ дар марз бо Лаҳистон, ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул аст.
XS
SM
MD
LG