Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳуснӣ Муборак Мисрро тарк накардааст

Раисиҷумҳури пешини Миср Ҳуснӣ Муборак ва аъзои хонаводаи ӯ дар шаҳри Шарм-ул-Шайх таҳти ҳабси хонагӣ қарор доранд.

Дар ин бора Шӯрои олии низомӣ, ки баъд аз истеъфои Муборак раёсати Мисррро бар ӯҳда дорад, изҳорот пахш кард.

Низомиён иттилоъеро, ки гӯё раисиҷумҳури собиқ кишварро тарк намуда дар Арабистони саудӣ муқимӣ шудааст, рад намуданд.

Аз ин пеш Додситони кулли Миср хуруҷи Ҳуснӣ Муборакро аз кишвар манъ кард, ҳисобиҳои бонкии раҳбари пешин мунҷамид шудаанд. Ва аммо мақомот алайҳи Муборак расман иттиҳом эълон накардаанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҳамлаи маргбор ба гузаргоҳҳои тафтишотӣ дар Кундуз

Акс аз бойгонӣ

Ба хабари мақомоти расмии Афғонистон, ҳангоми ҳамлаи Толибон ба гузаргоҳҳои тафтишотӣ дар вилояти шимолии Кундуз ҳадди ақал 13 узви нирӯҳои амниятии Афғонистон кушта шудаанд.

Сафиуллоҳ Амирӣ, узви Шӯрои вилоятӣ, рӯзи 29-уми январ гуфтааст, ҷангҷӯён шаби якшанбе ба ноҳияи Дашти Арчӣ ҳамла карданд.

Ба қавли Амирӣ ва сарчашмаи номаълуми амниятӣ, дар ҳамла ҳашт сарбоз ва наздик ба чор корманди полис маҷрӯҳ ва се нафари дигар аз сӯи Толибон ба асирӣ гирифта шудаанд.

Ҳокими ноҳия Садуддин Сайид гуфт, ки задухӯрдҳо то субҳ идома доштанд. Сайид гуфта, ки ҳамлагарон яроқҳоро гирифтанд, аммо дидбонгоҳҳо акнун ба зери назорати нерӯҳои ҳукуматӣ гузаштаанд. Толибон масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтаанд.

Оғози ба рӯйхатгирии коргарони чинӣ дар Тоҷикистон

Пизишкон дар Чин. 29-уми январи 2020

Дар Тоҷикистон ба рӯйхатгирии шаҳрвандони Чинро, ки дар сохтмони роҳҳо фаъолият доранд, оғоз кардаанд. Сӯҳроб Мирзоев, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 29-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, сабаби чунин тасмим "пайдо шудани вируси нав дар Чин" аст.

Ба ҳисоби мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар сохтмони роҳҳо дар кишвар тақрибан 300 шаҳрванди Чин кор мекунанд. Бархе аз онҳо чанде пеш ба зодгоҳи худ рафта будаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ин дам барои пешгирӣ аз вуруди вируси нав ба кишвар назоратро дар марз шиддат бахшида, парвози ҳавопаймоҳоро ба минтақаҳои Чин қатъ кардаанд.

Вазорати тандурустии Чин рӯзи 28-уми январ гуфт, вируси хатарноки нав то кунун ба 5 974 нафар сироят карда ва 132 тани дигарро куштааст. Беш аз 9 ҳазор нафари дигар зери назорати табибон ҳастанд, вале ҳоло бемориашон собит нашудааст.

Беморӣ дар берун аз Чин ҳам паҳн шуд ва то ба Аврупову Амрикои Шимолӣ ва Осиё расидааст.

Аломатҳои беморӣ, таби баланд, сурфа ва тангии нафас мебошанд. Мақомоти Чин гуфтанд, ки рафтуо ба 17 шаҳри вилояти Ҳубейро, ки зоҳиран вирус дар онҷо пайд шудааст, манъ карданд.

Заминларзаи шадид. Марказаш – шарқи Тоҷикистон

Баъд аз зуҳри 29-уми январ зилзила қаламрави Тоҷикистонро ларзонд. Тибқи иттилои Созмони мустақили EMSC, маркази зилзила дар 168-километрии шарқи Тоҷикистон, дар водии Рашт буда, шиддати он 5,3 дараҷаи Рихтер будааст.

Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон маркази ин заминҷунбиро ноҳияи Сангвор дар шарқи Тоҷикистон гуфтааст. Ба иттилои манбаъ, шиддати зилзила дар маркази он 5-6 балро ташкил додааст.

То ба ҳол маълум нест, ин зилзила дар маркази он хисороте дар пай доштааст ё на.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари заминларза хонаҳо вайрон шудаанд.

50 сарбози амрикоӣ дар ҳамлаи мушакии Эрон осеб дидаанд

Шумори низомиҳои амрикоӣ, ки дар натиҷаи мушакпартоии Эрон ба пойгоҳи ҳавоии ИМА дар Ироқ зарбаҳои мағзӣ бардоштанд, ба 50 тан расид. Дар ин бора хабаргузории Associated Press бо такя намояндаи расмии Пентагон иттилоъ дод.

Сарҳанг Томас Кэмпбелл рӯзи 28-уми январ гуфт, ошкор шуд, ки 16 низомии дигар ҷароҳати мағзӣ бардоштаанд. Ба ин тартиб, шумораи умумии маҷруҳшудагон ба 50 тан расид. Аз ин шумор 31 кас табобат гирифта, дубора ба артиш баргаштаанд.

Доналд Трамп, президент ИМА нахуст гуфта буд, ки дар ҳамлаҳои мушакии Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Айн ал-Асад дар ғарби Ироқ рӯзи 8-уми январ касе осеб надидааст. Трамп барқасдона ҷароҳати низомиҳоро "сабук" арзёбӣ карда буд. Уилям Шмитс, роҳбари созмони "Куҳнасарбозони ҷангҳои хориҷии ИМА" рӯзи ҷумъаи гузашта гуфт, созмон интизор дорад, ки президент ба далели "изҳороти иштибоҳияш" аз низомиҳо узрхоҳӣ хоҳад кард.

Эрон ҳамлаи мушакиашро посух ба қатли генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ унвон кард. Сулаймонӣ рӯзи 3-юми январ дар наздикии фурудгоҳи Ироқ дар пайи ҳамлаи ҳавоии Амрико кушта шуд. Замони мушакпартоии Эрон ба пойгоҳи амрикоӣ дар Ироқ наздики 1,5 ҳазор низомии Амрико дар он макон ҳузур доштанд, ки бештари онҳо дар паноҳгоҳи зеризаминӣ пинҳон шуданд.

Як зан дар Самарқанд барои талоши оташ задани кормандони мақомот ҳабс шуд

Як бинои вайрона дар Самарқанд. Акс аз бойгонӣ.

Сокини шаҳри Самарқанд Дилором Розиқова, ки 21-уми январ талош кард, кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Узбекистонро оташ занад, то поёни тафтишот ҳабс шуд.

Вакили дифои Розиқова 28-уми январ гуфт, додрас 23-юми январ ҳангоми содир кардани қарори ҳабси зерҳимояаш ба инобат нагирифт, ки ӯ модари танҳо аст ва кӯдакони ноболиғ дорад.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, ӯ ҳоло муроҷиат ба додгоҳро омода дорад, ки дар он дархост мешавад, Розиқова бар ивази гаравпулӣ ё кафолати Кумитаи занон аз ҳабс озод шавад.

Яке аз ҳамсояҳо қарори ҳабси Розиқоваро, ки модари танҳо аст, ноодилона номид. "Барои намуна, сармеъмори вилояти Самарқанд Бобир Элмуродовро, ки ба дуздии беш аз 7 миллиард пули буҷа айбдор мешуд, на дар раванди тафтишот ва на дар рафти баррасии парванда ба ҳабс нагирифтанд. Вале модари танҳоеро, ки фарзанди ноболиғ дораду аз ҳуқуқҳояш ҳимоят кардааст, ҳабс карданд",-афзуд ӯ.

Баҳси Розиқова бо мақомоти Самарқанд соли 2017 оғоз шуд. Розиқова қарори шаҳрдори Самарқанд дар бораи тахриби бинои зисти дуошёнаро, ки дар он ҳамроҳи писари 14-солааш зиндагӣ мекунад, ғайриқонунӣ номид. Қарор буд, ба ҷои он бинои нави чорошёна бунёд шавад.

Сокини Самарқанд гуфт, хонае, ки мақомот барояш пешниҳод кардаанд, чандон муносиб нест. Кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Самарқанд 21-уми январ дар асоси қарори додгоҳ хостанд, Розиқоваро аз хонааш берун кунанд. Дар натиҷа Розиқова латтаеро оташ зада, ба рӯи кормандони бюро партофтааст. Вале касе осеб надидааст.

Се шаҳрванди Қазоқистон бо айби тарғиби терроризм зиндонӣ шуданд

Додгоҳе дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 28-уми январ се сокини маҳаллиро бо айби "тарғиби терроризм" ҳафтсолӣ зиндонӣ кард.

Бағдод Бисембоев (соли таваллудаш 1973), Ерсан Кулинтай (1992) ва Одилҷон Давлатов (1993) баъди он айбдор шуданд, ки баҳори соли 2019 дар як ҳаммоми хусусӣ аз "ҷиҳод" тавсиф ва изҳори омодагӣ кардаанд, ки ба кишвари хориҷие рафта, ба сафи созмонҳои тундрав пайванданд.

Бисембоев моҳи июли соли гузашта аз сӯи мақомоти Қазоқистон дар марз бо Русия боздошт шуд. Мақомот гуфтанд, вай "ҳадаф дошт, ба Сурия равад". Додгоҳ Давлатов ва Кулинтойро ҳамчунин дар нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор кард.

Додгоҳ ҳангоми содир кардани ҳукм "эътирофи айб аз сӯи муттаҳамон ва фарзанддор будани онҳоро" ба эътибор гирифт.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки дар Сурияву Ироқ бештар аз 800 шаҳрванди ин кишвар ҳузур доранд. Бештар аз 600 шаҳрванди Қазоқистон аз сӯи мақомоти ин кишвар аз Шарқи Наздик баргардонида шуданд. Аз шумори баргашта даҳҳо тан бо айбҳои марбут ба терроризм ба зиндон маҳкум шуданд.

Узбекистон дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳ бунёд мекунад

Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон масъалаи бунёди нерӯгоҳи барқӣ-обии муштаракро дар рӯдхонаи Зарафшон баррасӣ карданд. Гуфтугӯи гуруҳҳои кории ду кишвар дар ин замина 28-ум январ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.

Ба огаҳии Вазорати энержии Узбекистон, дар гуфтугӯ лоиҳаи созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбекистон дар бораи тартиб ва шартҳои иштирок дар бунёди нерӯгоҳ баррасӣ шудааст.

Дар доираи лоиҳа қарор аст, дар марҳалаи аввал нерӯгоҳи Ёвон бо иқтидори 140 МВт бунёд карда шавад, ки 282 млн доллар харҷ дорад. Дар марҳалаи дувум ҷонибҳо имкони бунёди нерӯгоҳ дар Фондарёро бо харҷи 270 миллион доллар баррасӣ доранд, ки иқтидораш 135 МВт аст.

Бино ба хабарҳо, нерӯгоҳҳои бунёдшаванда то 1,4 миллиард кВт.с нерӯи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза барои Узбекистон истеҳсол хоҳанд кард.

Масъалаи иштироки Тошканд дар бунёди ду нерӯгоҳ дар Тоҷикистон моҳи августи соли 2018 дар ҷараёни мулоқоти президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев баррасӣ шуда буд.

Талаби 2385 соли зиндон барои узбекистоние, ки дар Истамбул ҳамла анҷом дод

Абдулқодир Машарипов, шаҳрванди Узбекистон.

Додситонии Туркия барои Абдулқодир Машарипов, шаҳрванди Узбекистон, ки шаби 1-уми январи соли 2017 дар клуби шабонаи Reina дар шаҳри Истамбул ҳамла анҷом дод, 40 ҳукми зиндони якумрӣ талаб кард.

Ба иттилои расонаҳо, Машарипов дар талоши бо роҳи зурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва куштори барқасдонаи 39 одам айбдор мешавад.

Барои узвият дар гуруҳи террористӣ ба вай 15 соли зиндон ва барои куштори 39 тан 2370 соли зиндон талаб шудааст.

Дар доираи парвандаи ҳамла ба клуби шабонаи Reina дар маҷмуъ 58 кас гумонбар мешавад. Аз ин теъдод 18 тан дар боздошт ҳастанд ва 8 каси дигар ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд.

Интизор меравад, додгоҳ 23-юми март ҳукмашро эълом кунад.

Дар ҳамла ба клуби Reina 39 кас кушта ва 69 тани дигар маҷруҳ шуда буд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт.

Боздошти як муаллим дар Душанбе ба иттиҳоми озори ҷинсии чанд мактабхон

Омӯзгори яке аз мактабҳои миёна дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми озори ҷинсӣ ва анҷом додани рафторҳои шаҳвонӣ нисбат ба чанд хонанда, боздошт шудааст.

Дар ин бора як манбаъ аз Додситонии Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар дод. Омӯзгори 34-сола, ки дар яке аз мактабҳои маркази шаҳр ба ҳайси мудири бахши хоҷагӣ ва ҳам омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ кор мекард, дар талоши анҷом додани амалҳои шавҳонӣ нисбати наздики 5 хонанда муттаҳам дониста мешавад. Назари пайвандони омӯзгори боздоштшуда дар робита ба ин иттиҳом, ҳанӯз маьлум нест.

Бино ба иттилои манбаи Радиои Озодӣ дар додситонӣ, нисбати омӯзгор В.И бо моддаи 139 қисми 4, (ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) парванда боз шудааст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо дар додситонӣ, ин омӯзгор гӯё духтарони ноболиғро ба манзили худ, дар кӯчаи Шоҳтемури Душанбе даъват мекардааст.

Дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз боздошти омӯзгор хабар доранд, аммо ба далели халал нарасонидан ба кори тафтишот, аз ироаи иттилое дар ин бора худдорӣ мекунанд. Ба гуфтаи як намояндаи раёсат, омӯзгор В.И таҷрибаи ҳудудан 8-сола кор дар ин соҳаро доштааст. Дар мактабе, ки омӯзгори боздоштшуда дар он ба ҳайси муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ ва ҳам мудири бахши хоҷагӣ фаъолият мекард, гуфтанд ӯ корро дар ин муассиса аз соли 2014 шурӯъ кардааст.

Номи муаллим ва рақами мактаби миёнае, ки ӯ дар он фаъолият мекард, дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст, аммо ба далелҳои ахлоқӣ ошкор намешавад.

Омӯзгорони мактаб ба далели дахолат накардан ба кори тафтишот аз додани ҳамагуна иттилоъ дар робита ба ҳамкорашон худдорӣ мекунанд, аммо бархе аз ӯ чун як омӯзгори хуб ёд менамоянд.

Боздошти ин омӯзгори мактаб барои озори ҷинсии хонандаҳо дар ҳолест, ки тирамоҳи соли 2019 додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Норакро бо гуноҳи, ба истилоҳ, рафтори шаҳвонӣ, ба 17,5 соли зиндон маҳкум кард.

Мирзохон Алиев, омӯзгори синфҳои ибтидоии яке аз мактабҳои Норак, пас аз шикояти ноболиғи 12-сола ба наздиконаш аз рафтори омӯзгор, дар ҷойи кор боздошт шуд. Вале наздикони ӯ мегӯянд, айбнома беасос аст ва омӯзгор барои табрик кардани толибаи худ барои ғалаба дар мусобиқаи шоҳмот гирифтори додгоҳ шуд.

Муҳокимаи парвандаи нобоварӣ ба Трамп идома мекунад

Муҳокимаи парвандаи барканор кардани раиси ҷумҳур Доналд Трамп дар Сенати Амрико идома мекунад. Вакилони палатаи болоии Конгресс 16 соат вақт доранд, ки суолҳои хаттиашонро ба мутассадиёни муҳокима аз Маҷлиси Намояндагон ва гуруҳи вакилони дифои Доналд Трамп пешниҳод намоянд.

Ҳоло фишор ба вакилони Ҳизби ҷумҳурихоҳ афзудааст, то Ҷон Болтон, мушовири собиқи амниятии Кохи Сафедро барои шаҳодат додан ба муҳокима даъват кунанд. Ҷумҳурихоҳон пештар талаби вакилони Ҳизби демократ барои даъвати шоҳидон ба муҳокимаи парвандаро рад мекарданд. Демократҳо мехоҳанд, баёноти Ҷон Болтонро бишнаванд, ки дар бораи муомилаи Трамп бо Украина иттиллои дасти аввалро дорад.

Рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” чанде пеш гузориш дод, ки Болтон моҳи август навиштааст, Доналд Трамп ба ӯ гуфтааст, то замоне, ки Украина дар таҳқиқи фаъолиятҳои демократҳо, аз ҷумла рақиби эҳтимолиаш дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ, Ҷо Байден ва писараш Ҳантер Байден кӯмак накунад, кӯмаки низомии 391 миллиондолларӣ ба он кишварро надиҳанд. Ҳантер Байден дар гузашта узви шӯрои мудирони як ширкати энержии Украина будааст.

Қурбониёни вируси нав дар Чин ба 132 нафар расид

Акс аз Чин

Вазорати тандурустии Чин рӯзи 28-уми январ гуфт, вируси хатарноки нав то кунун ба 5 ҳазору 974 нафар сироят карда ва 132 тани дигарро куштааст. Комиссияи миллии тандурустии Чин рӯзи 29-уми январ хабар дод, ки 9 ҳазору 239 нафари дигар, ки гумон меравад гирифтори бемории роҳи нафасанд, зери назорат мебошанд.

Беморӣ дар берун аз Чин ҳам паҳн шуд ва то ба Аврупову Амрикои Шимолӣ ва Осиё расидааст. Вируси нав, ки бемории шабеҳи илтиҳоби шуш бармеангезад, назар ба вируси SARS, бемории дигари роҳҳои нафас, ки соли 2002-2003 пайдо шуд ва 600 нафарро ҳалок кард, зудтар ва васеътар доман мезанад.

Аломатҳои беморӣ, таби баланд, сурфа ва тангии нафас мебошанд. Мақомоти Чин гуфтанд, равуо ба 17 шаҳри вилояти Ҳубейро, ки зоҳиран вирус бори аввал моҳи декабри соли гузашта дар онҷо пайдо шудааст, манъ карданд.

Садҳо шаҳрванди хориҷӣ аз маркази шаҳри Вуҳан, ҷойи паҳншавии беморӣ, кӯчонида шуданд.

Австралия ба нақша гирифтааст, ки 600 шаҳрванди баргаштаро дар ҷазираи Крисмас, дар масофаи 2000 километр дуртар аз сарзамини асосӣ барои ду ҳафта дар карантин нигоҳ дорад.

Иттиҳоди Аврупо ва инчунин кишварҳои дигар, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ низ шаҳрвандони худро бармегардонанд.

Трамп тарҳи сулҳи Ховари Миёнаро муаррифӣ кард

Президенти ИМА Доналд Трамп барномаи деринтизори сулҳи худро барои Ховари Миёна пешниҳод кард. Ӯ ваъда дод, ки Байтулмуқаддас пойтахти Исроил хоҳад монд. Ба гуфтаи Трамп, Байтулмуқаддаси Шарқӣ бояд пойтахти Фаластин шавад.

Вай ҳамчунин бо пешниҳоди ташкили ду давлат афзуд, ки ягон исроилӣ ва фаластинӣ аз хонаи худ ҷудо нахоҳад шуд.

Президенти ИМА, ки дар Кохи Сафед дар ҳузури сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу суханронӣ мекард, ҳушдор дод, ки нақшаи сулҳи ӯ метавонад барои фаластиниҳо охирин имконият бошад.

Ба иттилои ББС, нақшаи сулҳ махфӣ ва зери назорати Ҷаред Кушнер, домоди Трамп таҳия шудааст.

Трамп нақшаи сулҳи 80-саҳифаии худро аз дигар нақша ё пешниҳодҳое, ки барои сулҳи Ховари Миёна таҳия шуда буданд, комилтар ва муфассалтар номид.

Трамп гуфт, имрӯз Исроил "барои сулҳ қадами бузургеро мегузорад". Байтулмуқаддас пойтахти тақсимнашавандаи Исроил мемонад. Сулҳ ҳамеша созишро мехоҳад, вале мо ҳеҷгоҳ дар робита ба масоили амният аз Исроил созишро нахоҳем хост",-афзуд ӯ.

Трамп гуфт, "имрӯз ба раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос нома фиристодам. Қаламраве, ки барои давлати Фаластин муайян шудааст, барои чаҳор соли оянда дар вазъи кунунӣ хоҳад монд. Ин муддатро мешавад барои омодагӣ ба табодули минтақаҳо истифода кард. Фаластиниҳо ҳақ доранд, давлати худро дошта бошанд".

"Ховари Миёна зуд тағйир меёбад ва мо бояд дар фикри насли ҷавон бошем", - изҳор дошт Трамп. Ӯ зикр кард, ки гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" сад дар сад шикаст хурд ва раҳбараш Абубакр Бағдодӣ кушта шудааст.

"Ҷаҳони Ислом бояд иштибоҳеро, ки соли 1948 анҷом дод, ислоҳ кунад ва Исроилро эътироф намояд. Замони ин фаро расидааст", - афзуд ӯ.

Президенти ИМА ба Умон, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барои ҷонибдорияшон аз нақшаи сулҳ миннатдорӣ баён кард.

Малик Абдуллоҳи дуввум, подшоҳи Урдун дар оғози ин ҳафта гуфт, ин тарҳ муваффақ нахоҳад буд. Бархе расонаҳои минтақа иддао кардаанд, ки Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Амрико гуфтаанд, танҳо дар сурати ҳимояти Маҳмуд Аббос аз "муомилаи қарн", ин кишварҳо низ пуштибони ин тарҳ хоҳанд буд.

Вазорати умури хориҷии Эрон тарҳи "муомилаи қарн"-ро "хиёнати қарн" дар "ҳаққи мардуми Фаластин ва уммати исломӣ" хонд ва хостори муқобилаи ҳукуматҳо ва миллатҳои минтақа ва ҷаҳон бо ин тарҳ шуд.

Аббос Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ин тарҳ ва тарҳҳои монандро "маҳкум ба шикаст" донист ва афзуд, ки "танҳо роҳҳи ҳалли бӯҳрони Фаластин баргузории ҳамапурсӣ дар миёни сокинони аслии сарзамини Фаластин хоҳад буд".

Рӯйхати амволи Гулнора Каримова дар Бритониё нашр шуд

Гулнора Каримова.

Нашрияи бритониёии The Times номгӯи амволи Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро дар Бритониё нашр кард.

Ҳамаи ин амвол мумкин аст, мусодира шавад. Дар ин рӯйхат як қаср дар Суррей ва ду манзил дар минтақаҳои гаронбаҳои шаҳри Лондон зикр шудааст, ки арзиши умумиашон 40 млн фунт стерлинг (52 миллион доллар) аст.

Заминеро дар минтақаи Суррей Каримова бо қимати 23,5 млн доллар дар соли 2010 харидааст. Ҳоло қимати ин амвол ба 39 млн доллар расидааст.

Додгоҳии олии Узбекистон рӯзи 8-уми январ тасдиқ кард, ки дар шаҳри Тошканд муҳокимаи парвандаи нави Каримов шуруъ шуда, пушти дарҳои баста идома мекунад.

Дар баробари Каримова чанд шахси дигар ба додгоҳ кашида шудаанд. Онҳо дар "шомил будан дар гуруҳи ҷиноӣ ва содир кардани ҷиноятҳои марбут ба тамаъҷӯӣ, дуздии маблағҳои буҷа ва қонунисозии пулҳои аз роҳи номашруъ бадастомада" айбдор мешаванд.

Соли 2017 Гулнора Каримоваро дар Узбекистон 10 сол зиндонӣ карданд. Вай дар сарпечӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳвсозии ҳуҷҷатҳои ширкатҳои офшорӣ айбдор шуд.

Дар Қазоқистон 5 мусофири дигари аз Чин баргаштаро бистарӣ карданд

Жандарбек Бекиш, сардухтури бахши беҳдоштии Қазоқистон рӯзи сешанбе хабар дод, ки ҳадди ақал панҷ мусофири дигари аз Чин баргашта бо нишонаҳои мубталоӣ ба вируси нав бистарӣ шуданд.

Ба гуфтаи сардухтур, ду кӯдаки як хонавода таби баланд доштанд. "Аъзои болиғи хонавода ҳарчанд нишонаҳои ошкори мубталоӣ ба вируси навро надоштанд, аммо ба далели он, ки бо кӯдакони худ дар робита буданд, бистарӣ шуданд",гуфт Бекшин. Вай ҳамзамон аз шаҳрвандони Қазоқистон хост, ҳар нафаре, ки баъди 6-уми январ аз Чин баргаштааст, ба бемористонҳои маҳаллӣ муроҷиат ва аз ташхис гузарад.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон пештар аз ин хабар дод, ки дар робита ба паҳншавии вируси нав дар Чин раводидро барои шаҳрвандони Чин маҳдуд кардааст. Ҳукумати Қазоқистон низоми 72-соатаи равуои транзитии бидуни визаро барои шаҳрвандони Чин манъ кард, ҳамчунин дарёфти визаи электронӣ ба маҳзи расидан дар фурудгоҳҳои Қазоқистон барои шаҳрвандони Чин манъ шудааст. Ба ҷуз ин, барои дарёфти визаи Қазоқистон ҳамакнун аз шаҳрвандони Чин санади тиббӣ талаб карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки як рӯз пештар аз ин мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар ҷисми 23 тан аз мусофироне, ки ахиран аз Чин ба Қазоқистон омаданд, таби баланд ошкор шуда ва чаҳор тан аз онҳо бо нишонаҳои гирифторӣ ба вируси нав дар бемористон бистарӣ гардиданд. Дар ин бора Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон хабар дода буд.

"То кунун аз Чин ба кишвари мо 25 ҳазору 858 кас ворид шудааст, ки инҳо шаҳрвандони Қазоқистон ва бархе шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд. Ҳамаи онҳо аз ташхис гузаронида мешаванд",-афзуд вазир.

Бино ба маълумоти ахир, аз вируси нав аллакай дар ҷаҳон 106 кас ҷон бохта, ҷамъан 4,5 ҳазор нафар ба он гирифтор шудааст. Ин вирус нахуст дар шаҳри Вуҳони Чин пайдо шуда буд, ки 11 миллион аҳолӣ дорад.

Дар баробари Чин, вируси нав дар Австралия, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳонгконг, ИМА, Канада, Фаронса ва Тайван низ ошкор шудааст.

Тазоҳуроти қирғизистониҳо зидди бунёди маркази ҳамлу нақл аз сӯи чиниҳо

Дар ноҳияи Ат-Башии Қирғизистон 28-уми январ сокинон зидди бунёди як маркази ҳамлу нақл даст ба тазоҳурот заданд.

Намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Норин Нозгул Мусуралиева гуфт, тазоҳургарон 50-60 нафар буданд, ки аксарашон тоҷирони ноҳия мебошанд.

"Онҳо ба бунёди маркази ҳамлу нақл аз сӯи сармоягузорони чинӣ эътироз карданд. Агар онро сармоягузорони қирғиз бунёд кунанд, розӣ ҳастанд. Баъди он ки ба онҳо гуфта шуд талабҳояшонро ба раҳбарият мерасонанд, пароканда шуданд", - афзуд Мусуралиева.

Моҳи июни соли 2019 форуми соҳибкорони қирғизу чинӣ баргузор шуд. Дар он ҷамъан 24 санад имзо гашт. Яке аз ин санадҳо созишнома миёни ширкатҳои "Нур Строй Монтаж" ва "One Lead One (HK) Trading Limited" дар бораи бунёди маркази тиҷорӣ-ҳамлу нақл ба маблағи 280 миллион доллар буд.

Задухӯрди нирӯҳои амниятии афғон ва Толибон дар Ғазнӣ

Ҳавопаймое, ки дар вилояти Ғазнии Афғонистон сарнагун карда шудааст. 27-уми январи 2020

Мансабдорон ва гурӯҳи ҷангҷӯён мегӯянд, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон ва ҷангиёни Толибон дар вилояти марказии Ғазнӣ бо ҳам задухӯрд карданд. Он ҷо як ҳавопаймои низомии Амрико сарнагун шудааст ва ҳукумат кӯшиш дорад, ба онҷо расад.

Низомиёни Амрико мегӯянд, ҳавопаймои Bombardier E-11A, ки барои назорати электронӣ дар Афғонистон истифода мешавад, рӯзи 28-уми январ дар ноҳияи Деҳяк сарнагун шуд.

Толибон даъво доранд, ки ҳавопайморо сарнагун кардаанд. Ҳарбиён нагуфтаанд, ки чанд нафар дар ҳавопаймо буд ва оё касе кушта шудааст, ё не.

Ба гуфти сардори полиси вилояти Ғазнӣ, Холид Вардак, нерӯҳои амниятии Афғонистон шоми 27-уми январ, ҳангоми рафтан ба ҷойи ҳодиса аз сӯи ҷангҷӯёни Толибон ба камин гирифта шуданд ва ақибнишинӣ карданд.

“Ҷойи ҳодиса аз тарафи қувваҳои ҳавоӣ фаро гирифта шудаст. Баъзеҳо мегӯянд, дар онҷо ду ҷасад ҳаст, аммо баъзе одамон зиёдтар мегӯянд,” – гуфтааст Вардак ба хабаргузории “Франс-Пресс” рӯзи 28-уми январ.

Reuters ба нақл аз ин мақоми расмӣ рақамҳои гуногун меорад: “Ба маълумоти мо, дар ҳавопаймо 4 ҷасад ва ду нафар зинда буданд, ки гум шудаанд.”

Сухангӯи полиси Ғазнӣ Аҳмадхон Сират набард ва будани нирӯи ҳавоиро тасдиқ кард ва афзуд, ҳадди ақал як нафар дар набард кушта шудааст.

Омодагии Эрон барои сар додани мушаке ба фазо

Акс аз навори телевизиони давлатии Эрон гирифта шудааст

Бино ба гузоришҳо, тасвирҳои моҳвораӣ нишон медиҳанд, ки Эрон барои сар додани мушаке ба фазо омодагӣ мегирад.

Ду санҷиши мушакии Эрон барои партофтани моҳвора ба ҳаво дар соли равон ба шикаст рӯбарӯ шудааст. Амрико ин барномаро паноҳе барои устувории мушакҳои баллистикӣ медонад, ки дар сар додани кӯлоҳаки ҳастаӣ низ ба кор бурда мешавад.

Муҳаммадҷавод Озарии Ҷаҳромӣ, вазири иртиботот ва фанноварии иттилоот, рӯзи 27-уми январ дар Твиттер тасдиқ кард, ки Эрон дар ҳоли омода кардани сайти мушакӣ барои сар додани моҳворае ба номи “Зафар” аст.

"Бале, сайт барои ҷойгир кардани моҳвораи Зафар дар мадор омода шуда истодааст," -- гуфт ӯ рӯзи 27-уми январ.

Вай дар ҷавоб ба гузориши расонаҳои амрикоӣ гуфтааст, Эрон дар ҳоли омодашавӣ барои сар додани мушак аз маркази кайҳонии Имом Хумайнӣ дар вилояти Семнон мебошад.

Вазир гуфта, ки Теҳрон ба нақша гирифтааст, имсол панҷ моҳвораи дигарро ба мадор фиристад. Эрон аз соли 2009 якчанд моҳвораро ба мадор фиристодааст.

Иёлоти Муттаҳида Теҳронро дар истифодаи ин фанноварӣ ҳамчун як кӯшиш барои рушди мушакҳои баллистикӣ, ки тавони расондани яроқи атомиро дошта бошанд, гунаҳкор мекунад.

Эрон инро рад кардааст.

Теъдоди қурбониёни вирус дар Чин ба 106 нафар расид

Мақомоти Чин рӯзи 28-уми январ гуфтанд, теъдоди ҳалокшудагон аз сирояти вируси нав дар Чин ба 106 нафар расидааст ва мақомот бештар аз 1700 мавриди нави сирояти ин бемории роҳҳои нафасро сабт кардаанд.

Ба гуфтаи вазорати тандурустии Чин то рӯзи 27-уми январ вирус ба 4515 нафар дар саросари кишвар сироят кардааст. Дар дигар кишварҳои ҷаҳон 48 мавриди сирояти беморӣ собит шудааст ва аксари онҳо ё сайёҳони чинӣ ҳастанд ва ё онҳое, ки чанде пеш ба Чин сафар кардаанд.

Пештар аз эълони омори нав дар бораи беморон, Муғулистон, Кореяи Шимолӣ, Қирғизистон гуфтанд, ки марзҳояшон бо Чинро мебанданд. Ҳонк Конг ва Малайзия гуфтанд, ки сокинони вилояти Вуҳанро, ки вирус дар онҷо пайдо шуд, аз ҳаққи вуруд ба қаламравҳояшон маҳрум мекунанд.

Маркази ҷилавгирӣ ва назорати бемориҳо дар Амрико рӯзи 27-уми январ ба мардум тавсия дод, ки бидуни зарурат ба Чин сафар накунанд. Ҳукумати Канада низ аз мардумаш хост ба вилояти Ҳубей, маркази густариши беморӣ нараванд.

Мақомоти Чин мегӯянд, ки вируси нав қавитар шудааст ва зуд аз инсон ба инсон сироят мекунад. Ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия додаанд, ки сафари ҷаҳонгардон ба маконҳои диданиро лағв кунанд. Олмон рӯзи 27-уми январ аз сирояти беморӣ ба як нафар дар қаламраваш хабар дод.

Бемории мазкур мисли зукоми маъмулӣ ва ё бемории илтиҳоби шуш аст. Мавридҳои сирояти вируси нав дар Камбоҷа, Шри Ланка, Малайзия, Куриёи Ҷанубӣ, Тайван, Таиланд, Канада, Непал, Вйетнам, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Ҷопон, Амрико Фаронса ва Австралия сабт шудааст.

Як хабарнигорро аз ҳаққи сафар бо Помпео маҳрум карданд

Майк Помпео, Вазири умури хориҷии Амрико.

Мақомоти расмӣ як хабарнигори Радиои Ҷамъиятии Амрикоро аз феҳрасти хабарнигороне, ки бояд Майк Помпео, Вазири умури хориҷиро дар сафараш аз ҷумла ба Осиёи Марказӣ ҳамроҳӣ мекарданд, хориҷ кардааст.

Радиои Ҷамъиятии Амрико ва Анҷумани Хабарнигорони Вазорати умури хориҷӣ рӯзи 27-уми январ гуфтанд, ки Мишел Келеман аз феҳраст берун карда шуд. Намояндагони анҷуман гуфтанд, роҳ надодани Келеман, ниқор гирифтан аз Радиои Ҷамъиятии Амрико аст, ки рӯзе пештар хабарнигори дигари он Мери Луиз Келли бо як суоле дар бораи Украина, Майк Помпеоро асабонӣ кард.

Шон Тандон, раиси анҷуман гуфт: “Ҳайати хабарнигорони анҷуман аз пеш ба таври расмӣ ҳаққи ҳамроҳӣ кардани вазирони умури хориҷиро дошт ва танбеҳ додани узви анҷуманро мо ғайриқобили қабул мешуморем".

Мери Келли рӯзи 24-уми январ дар мусоҳиба бо Майк Помпео аз ӯ пурсидааст, ки чаро Мария Йованович, сафири Амрико дар Украинаро, ки Доналд Трамп ӯро аз мақомаш барканор кард, тарафдорӣ накардааст.

Майк Помпео аз ин суол ба хашм омада ва аз идомаи мусоҳиба даст кашидааст. Майк Помпео ба зудӣ ба Бритониё, Белорус, Украина ва кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар мекунад.

Табибони туркман ҳақ надоранд ҳини кор аз телефони мобилӣ истифода кунанд

Роҳбарияти мақомоти тандурустии Туркманистон аз табибон талаб кардааст, ки телефонҳои ҳамроҳашонро ҳангоми ба коргоҳ омадан дар хона монанд ва ё дар ихтиёри сардухтур гузоранд.

"Дар шифохонаҳо ҳам ба табибон истифодаи телефонро манъ карданд. Ба онҳо дастур шудааст, ки телефонҳояшонро ё дар хона монанд ва ё дар коргоҳ ба дасти сардухтур диҳанд",- гуфт як сокини маҳаллӣ.

Пештар аз ин истифодаи телефонҳои мобилиро дар муассисаҳои таълимии он кишвар манъ карда буданд. Дар ҷаласаҳои волидон ба падару модарони хонандаҳо сабабҳои манъи телефонҳои ҳамроҳро шарҳ доданд.

Омӯзгорон гуфтанд, доштани телефони мобилӣ ба кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Баъдтар хабар расид, ки дар Туркманистон омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҳам аз истифодаи телефони мобилӣ маҳрум шудаанд.

Дар Узбекистон се бародар аз бӯи газ ҷон бохтанд

Дар ноҳияи ба номи Шароф Рашидови Узбекистон се бародар -- 8, 12 ва 14-сола аз бӯи газ ба ҳалокат расидаанд. Модарашон дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад.

Ҷасадҳоро падарашон баъди бозгашт аз кор, тақрибан соатҳои 5-и рӯзи 25-уми январ пайдо кардааст.

Намояндаи Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, "бино ба маълумоти пешакӣ, кӯдакон ҳангоми хоб аз бӯи газ заҳролуд шудаанд".

Манбаъ афзуд, бӯи газ аз таҳхонаи ҳуҷра, ки дар онҷо дастгоҳи гармидиҳӣ насб буд, хориҷ шудааст.

Матраимовҳо шикояташонро зидди хабаргузории 24.kg пас гирифтанд

Райимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон.

Хонаводаи Райимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон аз шикояти худ зидди хабаргузории 24.kg даст кашид. Дар ин бора вакили дифоъ Канатбек Азиз дар шабакаи иҷтимоии Facebook иттилоъ дод. Пештар 24.kg матлаберо бо унвони "хабаргузорӣ дар бораи даст доштани Матраимов дар қочоқ далеле надорад" нашр кард.

"Хабаргузорӣ ҳангоми нашри матлаб ба таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва Kloop истинод карда буд. Худи хабаргузории "24.kg" дар ин замина таҳқиқотеро анҷом надодааст",-навишт 24.kg.

Хонаводаи Матраимовҳо 9-уми декабри соли гузашта барои ҳифзи обрӯй ва шарафи худ зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg ба додгоҳ шикоят бурданд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд.

Рӯзи 10-уми ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.

Матраимов дар навбати худ гуфт, дар интиқоли ғайриқонунии 700 миллион доллар аз Қирғизистон ба хориҷ даст надорад ва маълумоти рӯзноманигорон дар таҳқиқот дурӯғ аст.

SIPRI: Чин дар истеҳсоли аслиҳа Русияро гузашт

Коршиносони Пажӯҳишгоҳи мушкилиҳои ҷаҳон дар Стокҳолм (SIPRI) бори нахуст имкон пайдо карданд, ки ҳаҷми силоҳи истеҳсолкардаи ширкатҳои чиниро таҳлил кунанд.

Тавре маълум шуд, чаҳор ширкати чинӣ дар соли 2017 ба маблағи 16,4 миллиард доллар силоҳ фурӯхтаанд, ки назар ба даҳ рақиби бузургтарини русашон бештар аст. Ҳамин тариқ Чин пас аз ИМА дувумин кишваре ба ҳисоб меравад, ки аслиҳаи бештар истеҳсол мекунад.

Дар гузашта таҳлили ҳаҷми истеҳсоли силоҳ аз сӯи ширкатҳои чинӣ номумкин буд. Вале мутахассисон баъд аз баромадани ширкатҳо ба биржа тавонистаанд, дар асоси "иттилои муътамади молӣ" истеҳсоли силоҳ дар ширкатҳои чиниро дар солҳои 2015 то 2017 баррасӣ кунанд.

Ба иттилои SIPRI, соли 2017 ба гуруҳи кишварҳои бистгонаи бузургтарин истеҳсолкунандагони силоҳ 11 ширкати амрикоӣ, шаш ширкати аврупоӣ ва се ширкати русӣ шомил шудаанд. Агар ин раддабандӣ ҳоло таҳия мешуд, чаҳор ширкати чинӣ ба гуруҳи бистгона шомил мешуданд.

Бино ба маълумоти SIPRI, Русия аз нигоҳи истеҳсоли силоҳ дар ҷаҳон ба раддаи севум поин фаромадааст. Пажӯҳишгоҳ моҳи декабри соли гузашта хабар дод, ки ширкати русӣ соли 2018 ба маблағи 36,2 миллиард доллар – 8,6 дарсади ҳаҷми умумӣ дар ҷаҳон силоҳ фурӯхтааст. ИМА дар ин сол ба маблағи 246 миллиард доллар (59 дарсади ҳаҷми умумӣ) силоҳ фурӯхта, хадамоти низомӣ расонидааст.

Барканорӣ ва таъйини раисони чанд ноҳия ва ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон

Таъйини кадрҳои нав дар баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон

Раисони чанде аз ноҳияҳои вилояти Суғд ва Хатлон "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз мақомҳои худ озод ва дар вазифаҳои нав таъйин шудаанд. Ҷойивазкунии кадрҳо рӯзи 27-уми январ сурат гирифтааст. Мунтақидон ҳамвора аз чунин ҷобаҷогузорӣ интиқод мекунанд.

Бар асоси фармонҳои раиси ҷумҳур

Сиҷоуддин Саломзода аз вазифаи раиси Исфара,

Акрам Сулаймонзода аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамен,

Комил Салимзода аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов,

Муҳаммадҷобир Раҷабзода аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд,

Абдуалим Исмоилзода аз вазифаи раиси шаҳри Бохтар,

Маърифат Зоирзода аз вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

озод шудаанд.

Сиҷоуддин Саломзода ҳамагӣ моҳи декабри соли 2018 ба мансаби раиси шаҳри Исфара расида буд. Ин минтақа ба сабаби номуайянии хатти марз бо вилояти Бодканди Қирғизистон яке аз маҳалҳои муноқишахез ба шумор меравад. Ҳафтаи гузашта сардори Идораи умури дохилии Исфара низ иваз шуд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи душанбе хабар дод, ки Сиҷоуддин Саломзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон таъйин шудааст.

Инчунин, дар ин рӯз

Акрам Сулаймонзода – иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара,

Темур Нуъмонзода – иҷрокунандаи раиси ноҳияи Спитамен,

Тоҳир Қудратзода – иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов,

Хайрулло Бобозода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд,

Шералӣ Ҷалилзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таъйин гардиданд.

Дар тағйироти дигар, Амонулло Салимзода ба ҷойи Изатулло Сатторӣ вазири кишоварзӣ ва Олимҷон Муҳаммадҷонзода ба ҷойи Гавҳар Шарофзода раиси Кумитаи забону истилоҳот тайъин шудаанд.

Сабаби аз мансаби вазири кишоварзӣ рафтани Сатторӣ "ба кори дигар гузаштан" гуфта шудааст.

Шарофзода, ки бо баҳсҳояш бо расонаҳо ва соҳибони фурӯшгоҳҳо дар бораи забон ва баъзе истилоҳҳои байналамилалӣ маъруф буд, номзади ҳизби ҳоким ба мақоми вакили порлумон дар интихоботи моҳи март аст.

Ширин Амонзода раиси нави Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Абдулло Раҳмонзода раиси нави Кумитаи ҷавонон ва варзиш шудаанд. Курсии раиси Кумитаи ҷавонон баъди ба дастгоҳи иҷроияи президент рафтани раҳбари пешинаш Аҳтам Абдуллозода чанд рӯз боз холӣ буд. Абдулло Раҳмонзода дар гузашта ба ҳайси раиси дафтари ҳизби ҳоким дар Хатлон кор кардааст.

Ҳамасола дар остона ва баъд аз ҷаласаи солонаи ҳукумат дар сохторҳои давлатӣ тағйиротҳои кадрӣ сурат мегирад. Мунтақидон аксаран чунин тағйиротро танқид мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо асосан аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна ва содиқ ба ҳукумат иборат аст.

Болтон шарҳ дод, ки чаро Трамп кӯмаки низомӣ ба Украинаро ба таъхир андохт

Доналд Трамп (аз чап) ва Ҷон Болтон (аз рост). 9-уми апрели соли 2018.

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп моҳи август гуфтааст, мехоҳад, то замоне, ки Украина дар таҳқиқи фаъолиятҳои рақибони сиёсиаш кӯмак накунад, ихтисоси кӯмаки низомӣ ба онро боздоранд. Дар ин бора рӯзи 26-уми январ нашрияи "Ню-Йорк Таймс" гузориш дод.

Нашрия як дастхати Ҷон Болтон, мушовири собиқи амниятии ҳукумати Доналд Трампро тасвир кардааст, ки барои арзёбии қабл аз нашр ба ҳукумати Кохи Сафед фиристодаанд. Дар Амрико агар мақоми собиқе китобе нашр карданӣ бошад, бояд барои арзёбӣ ва мутолиаи пешакӣ ба ҳукумат бидиҳад.

Чарлз Купер, вакили дифои Ҷон Болтон рӯзи 26-уми январ ба расонаҳои Амрико гуфтааст, ки ӯ дастхатро рӯзи 30-уми декабр ба Шӯрои Амнияти Миллии Амрико фиристодааст. Кохи Сафед ҳанӯз ин масъаларо шарҳ надодааст.

Гурӯҳи вакилони дифои Доналд Трамп рӯзи 25-уми январ дар муҳокимаи парвандаи эълони нобоварӣ дар Сенати Амрико гуфтаанд, ки ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки Доналд Трамп аз Украина хостааст, фаъолиятҳои рақибони сиёсии ӯ, аз ҷумла Ҷо Байден, рақиби эҳтимолиаш дар интихоботи ояндаи раиси ҷумҳурро таҳқиқ кунад. Писари Ҷо Байден дар гузашта узви Шӯрои мудирони як ширкати энержии Украина будааст.

Ёфтҳои бештар

Модар: Писарамро дар артиш бемор карданд. Афсарон: Ӯ афтод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Модар: Писарамро дар артиш бемор карданд. Афсарон: Ӯ афтод
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Намоишгоҳе барои аз байн бурдани ситам ба занон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00
XS
SM
MD
LG