Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия дар садри як ҳайати бузурги тоҷирону сармоягузорони туркӣ дар Бағдод-пойтахти Ироқ дар музокироти дуҷониба ширкат дошт. Дар ин музокирот ҷонибҳо масъалаи сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат дар минтақаро баррасӣ ва онро омили муҳими субот дар минтақа арзёбӣ карданд.Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ баъд аз мулоқт бо Эрдуғон гуфт, ин ду кишвар хостори таъмини сулҳ дар ду тарафи марзҳои худ ҳастанд.
Туркияву Ироқ хостори субот дар манотиқи марзӣ шуданд
