Ба дарозо кашидани ошӯбҳои Ховари Миёна ва дар Либия ҳатто вориди иқдом шудани нерӯҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ аз як сӯ, ва зарбаҳое, ки заминларзаву сунамии пурхисора ба иқтисоди Ҷопон зад, бар мафоди иқтисодии Маскав афзуд.
Аммо мунтақидони давлати Русия мегӯянд, фоидаҳои ҳангуфте, ки аз ҳисоби боло рафтани қимати нафту газ ба ҷайби Маскав сарозер мешаванд, дигарбора қомати низоми худкомаи ҳоким бар ин кишварро баланд хоҳад кард.
Идомаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба пойгоҳҳои низомӣ дар Либияи саршор аз конҳои нафт ва талошҳои Ҷопон ба манзури рафъи авоқиби хуруҷи радиатсия дар нерӯгоҳи ҳастаии Фукушима, мояи нигарониҳои афзоянда дар ҷаҳон перомуни таъмини бозорҳои энержӣ шудааст. Вале на барои Русия.
ОШӮБҲОИ ХОВАРИ МИЁНА
ВА НАРХИ БУШКАҲОИ НАФТ
Ошӯбҳои Ховари Миёна ҳам ба раванди таъмини бозорҳо ва ҳам ба нархи нафти хом латма зада, боиси то 105 доллар барои ҳар бушка баланд рафтани қимати нафт шуд.
Кишварҳои воридкунандаи нафт, албатта, аз чунин вазъи пешомада хуш нестанд, вале фурӯшандаҳои асосии нафт баръакс тавони рафъи ҳарчӣ зудтари авоқиби буҳрони саросарии молиро ба даст меоранд. Русия низ дар чунин шароит худро як наҷотдиҳандаи бозори энержии ҷаҳон ба қалам дода, мехоҳад ҳадди аксари фоидаро соҳиб шавад.
Сарвазири Русия Владимир Путин, ки алакай дар соли оянда ба сатҳи даврони то бӯҳрон расондани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварашро пешбинӣ кардааст, аз ҷумла ба Ҷопон дасти ёрӣ дароз кард ва гуфт, асароти заминларза ва сунамии рӯзи 11-уми март ба вазъи таъмини бозорҳои энержӣ дарозмуддат аст ва ӯ афзоиши содироти газ ба Аврупо тавассути лӯлаҳоро пешниҳод мекунад, то киштиҳо барои интиқоли газ ба Ҷопон истифода шаванд.
"Аз ин рӯ, бояд рӯи иҷрои зудтари барномаҳои густариши тавлиди маводи сӯхт, пеш аз ҳама газ, дар Шарқи Дур биандешем”,-афзуд ӯ. Маскав, ҳамин тавр, мехоҳад то Ҷопон хутути интиқоли нерӯи барқ кашида, ширкатҳои ҷопониро ба сармоягузорӣ ба соҳоти газу ангишташ ҷалб кунад.
БОЗГАШТ БА "ДАВРОНИ ТИЛЛОӢ"
Аммо бархе таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки чунин тамаркузи сахти Русия ба касби нақши қудрати энержӣ ҳар навъ умедворӣ ба роҳандозии ислоҳоти иқтисодии алакай эълоншударо замин мекунад.
Маскав, қарори маълум, дар пайи бӯҳрони саросарии молӣ, ки иқтисодаш аз уфти башиддати нархи нафт сахт зарба хӯрд, ваъда дод, ки мизони вобастагии иқтисоди Русия аз фурӯши танҳо газу нафтро коҳиш хоҳад дод.
Таҳлилгари рус Андрей Пионтковский гуфт, таҳаввулоти ахири Ховари Миёна Русияро ба шароити то бӯҳрон бармегардонад, ки нархи баланди нафт маблағҳои ҳангуфтеро ба кишвар сарозер мекард: “Мо ба ҳамон даврони тилоии солҳои 2006 ва 2007 бармегардем, ки тарғиботи расмӣ дам аз “қудрати бузурги энержӣ” мезад. Ин раванд барои як гурӯҳи хурди мардум ва он ҳам барои кутоҳмуддат, албатта, хеле хуб аст, вале дар мамҷӯъ барои кишвар хеле бад аст.”
"ҚОМАТ"-И РУСИЯ РОСТ МЕШАВАД?
Ба бовари Пионтковский, як сабаби дубора зиддиғарбӣ шудани лаҳни сӯҳбати раҳбарони аввали Русия низ ношӣ аз рост шудани қомати онҳо ба маҳзи афзоиши нархи ҷаҳонии нафту газ аст.
Афзоиши содироти маводи сӯхт аз авлавияти сиёсатҳоест, ки Путин дунбол мекунад. Аммо расидан ба ин аҳдоф чунон соддаву осоне нест, ки дар назари аввал менамояд.
Клиффорд Гаддӣ, иқтисоддони Пажӯҳишгоҳи Брукинг мегӯяд, суоли калидӣ барои комёбиҳои ояндаи иқтисоди Русия ин аст, ки ба тақозоҳои бозори ташнаи энержии Чин то куҷо расидагӣ карда метавонад: “Шумо дар бораи диверсификатсияи иқтисод ҳарчиро, ки мехоҳед, метавонед орзу кунед ва Путин, ё ҳар нафари дигарро барои пайгирӣ кардан ё накардани онҳо аз роҳи диверсификатсия танқид ё тавсиф кунед, вале аз ин сӯди зиёде ба даст намеояд. Имтиёзи Русия чӣ дар қиёс ва чӣ дар рақобат чизи дигаре ба ҷуз аз захираҳояш нест ва барояш як роҳи оқилона ба бозӣ кашидани ҳамин қарта аст.”
ПАРВОЗИ ДИГАРБОРАИ ПУТИН
Клиффорд Гаддӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир асароти хеле ками ошӯбҳои Ховари Миёна барои Русияро мебинад, чунки ҳанӯз то бурузи он ошӯбҳо ҳам пешбинӣ мешуд, ки нархи нафт дар соли 2011 аз марзи 100 доллар гузашта, интизор меравад, дар ояндаи наздик нархи ашёи хом боз ҳам боло биравад.
Яъне иқбол на ба рӯи мунтақидони Путин, балки боз ҳам ба рӯи ӯ механдад. Бисёриҳо мӯътақиданд, ки Путин раҳбари аслии Русия боқӣ монда, ғолибан дар интихоботи соли оянда курсии раёсатҷумҳуриро ба таври расмӣ ва барои 12 соли оянда дубора ба дасти худ хоҳад гирифт.
Афзоиши нархи нафту газ парвоз дар арши сиёсии Русияро барои Путин, албатта, хеле осонтар мекунад.
Иқбол на ба рӯи мунтақидони Путин, балки боз ҳам ба рӯи ӯ механдад. Бисёриҳо мӯътақиданд, ки Путин раҳбари аслии Русия боқӣ монда, ғолибан дар интихоботи соли оянда курсии раёсатҷумҳуриро ба таври расмӣ ва барои 12 соли оянда дубора ба дасти худ хоҳад гирифт...
Аммо мунтақидони давлати Русия мегӯянд, фоидаҳои ҳангуфте, ки аз ҳисоби боло рафтани қимати нафту газ ба ҷайби Маскав сарозер мешаванд, дигарбора қомати низоми худкомаи ҳоким бар ин кишварро баланд хоҳад кард.
Идомаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба пойгоҳҳои низомӣ дар Либияи саршор аз конҳои нафт ва талошҳои Ҷопон ба манзури рафъи авоқиби хуруҷи радиатсия дар нерӯгоҳи ҳастаии Фукушима, мояи нигарониҳои афзоянда дар ҷаҳон перомуни таъмини бозорҳои энержӣ шудааст. Вале на барои Русия.
ОШӮБҲОИ ХОВАРИ МИЁНА
ВА НАРХИ БУШКАҲОИ НАФТ
Ошӯбҳои Ховари Миёна ҳам ба раванди таъмини бозорҳо ва ҳам ба нархи нафти хом латма зада, боиси то 105 доллар барои ҳар бушка баланд рафтани қимати нафт шуд.
Кишварҳои воридкунандаи нафт, албатта, аз чунин вазъи пешомада хуш нестанд, вале фурӯшандаҳои асосии нафт баръакс тавони рафъи ҳарчӣ зудтари авоқиби буҳрони саросарии молиро ба даст меоранд. Русия низ дар чунин шароит худро як наҷотдиҳандаи бозори энержии ҷаҳон ба қалам дода, мехоҳад ҳадди аксари фоидаро соҳиб шавад.
Сарвазири Русия Владимир Путин, ки алакай дар соли оянда ба сатҳи даврони то бӯҳрон расондани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварашро пешбинӣ кардааст, аз ҷумла ба Ҷопон дасти ёрӣ дароз кард ва гуфт, асароти заминларза ва сунамии рӯзи 11-уми март ба вазъи таъмини бозорҳои энержӣ дарозмуддат аст ва ӯ афзоиши содироти газ ба Аврупо тавассути лӯлаҳоро пешниҳод мекунад, то киштиҳо барои интиқоли газ ба Ҷопон истифода шаванд.
"Аз ин рӯ, бояд рӯи иҷрои зудтари барномаҳои густариши тавлиди маводи сӯхт, пеш аз ҳама газ, дар Шарқи Дур биандешем”,-афзуд ӯ. Маскав, ҳамин тавр, мехоҳад то Ҷопон хутути интиқоли нерӯи барқ кашида, ширкатҳои ҷопониро ба сармоягузорӣ ба соҳоти газу ангишташ ҷалб кунад.
БОЗГАШТ БА "ДАВРОНИ ТИЛЛОӢ"
Имтиёзи Русия чӣ дар қиёс ва чӣ дар рақобат чизи дигаре ба ҷуз аз захираҳояш нест ва барояш як роҳи оқилона ба бозӣ кашидани ҳамин қарта аст...
Аммо бархе таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки чунин тамаркузи сахти Русия ба касби нақши қудрати энержӣ ҳар навъ умедворӣ ба роҳандозии ислоҳоти иқтисодии алакай эълоншударо замин мекунад.
Маскав, қарори маълум, дар пайи бӯҳрони саросарии молӣ, ки иқтисодаш аз уфти башиддати нархи нафт сахт зарба хӯрд, ваъда дод, ки мизони вобастагии иқтисоди Русия аз фурӯши танҳо газу нафтро коҳиш хоҳад дод.
Таҳлилгари рус Андрей Пионтковский гуфт, таҳаввулоти ахири Ховари Миёна Русияро ба шароити то бӯҳрон бармегардонад, ки нархи баланди нафт маблағҳои ҳангуфтеро ба кишвар сарозер мекард: “Мо ба ҳамон даврони тилоии солҳои 2006 ва 2007 бармегардем, ки тарғиботи расмӣ дам аз “қудрати бузурги энержӣ” мезад. Ин раванд барои як гурӯҳи хурди мардум ва он ҳам барои кутоҳмуддат, албатта, хеле хуб аст, вале дар мамҷӯъ барои кишвар хеле бад аст.”
"ҚОМАТ"-И РУСИЯ РОСТ МЕШАВАД?
Ба бовари Пионтковский, як сабаби дубора зиддиғарбӣ шудани лаҳни сӯҳбати раҳбарони аввали Русия низ ношӣ аз рост шудани қомати онҳо ба маҳзи афзоиши нархи ҷаҳонии нафту газ аст.
Афзоиши содироти маводи сӯхт аз авлавияти сиёсатҳоест, ки Путин дунбол мекунад. Аммо расидан ба ин аҳдоф чунон соддаву осоне нест, ки дар назари аввал менамояд.
Клиффорд Гаддӣ, иқтисоддони Пажӯҳишгоҳи Брукинг мегӯяд, суоли калидӣ барои комёбиҳои ояндаи иқтисоди Русия ин аст, ки ба тақозоҳои бозори ташнаи энержии Чин то куҷо расидагӣ карда метавонад: “Шумо дар бораи диверсификатсияи иқтисод ҳарчиро, ки мехоҳед, метавонед орзу кунед ва Путин, ё ҳар нафари дигарро барои пайгирӣ кардан ё накардани онҳо аз роҳи диверсификатсия танқид ё тавсиф кунед, вале аз ин сӯди зиёде ба даст намеояд. Имтиёзи Русия чӣ дар қиёс ва чӣ дар рақобат чизи дигаре ба ҷуз аз захираҳояш нест ва барояш як роҳи оқилона ба бозӣ кашидани ҳамин қарта аст.”
ПАРВОЗИ ДИГАРБОРАИ ПУТИН
Клиффорд Гаддӣ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир асароти хеле ками ошӯбҳои Ховари Миёна барои Русияро мебинад, чунки ҳанӯз то бурузи он ошӯбҳо ҳам пешбинӣ мешуд, ки нархи нафт дар соли 2011 аз марзи 100 доллар гузашта, интизор меравад, дар ояндаи наздик нархи ашёи хом боз ҳам боло биравад.
Яъне иқбол на ба рӯи мунтақидони Путин, балки боз ҳам ба рӯи ӯ механдад. Бисёриҳо мӯътақиданд, ки Путин раҳбари аслии Русия боқӣ монда, ғолибан дар интихоботи соли оянда курсии раёсатҷумҳуриро ба таври расмӣ ва барои 12 соли оянда дубора ба дасти худ хоҳад гирифт.
Афзоиши нархи нафту газ парвоз дар арши сиёсии Русияро барои Путин, албатта, хеле осонтар мекунад.
Дар хакикаи журналистон барои аз хама маълумот вокиф гардонидани мардум сахми арзанда доранд. Онхо харакат мекунанд, як маълумоти наверо хох он аз дохил хох он аз хоричи кишвар бошад, дастрас намоянд ва ба мардум расонанд. Кори журналисти хам захмати бисёри мехохад, агар у журналисти хакики бошад. Озодии баён аз чумла фаъолияти журналистон дар Точикистон ва дигар кишвархои Чахон тибки конунхо, аз чумла конуни матбуот ба танзим дароварда шудааст ва хар журналиист хукук дорад пурра аз имконияитхои додаи конун истифоа барад. Муттаасифона хастан журналистоне, ки маълумоти дастрас намударо тахлил ва ё тахкик накарда, онро расонаи мекунанд. Бояд хар як журналист пеш аз он, ки як маълумотро ба мардум расонаи мекунад, бояд онро дакик тахлил кунанд, ки оё вокеият дорад ё не, сарчашмаи хабари дастраскардашро бояд донад ва онро санчад. Бояд харакат кунанд, ки бо хабари бардуруг ба иззати нафси касе дигар нарасанд ва ё хукукхои дигаронро беасос поймол накунанд. Дар мавриди ба чавобгари, аз чумла ба чавобгарии чинояти кашидани журналистон хаминро кайд кардан зарур аст, ки вактхои охир агар ягон журналистро ба чавобгари кашанд, сараавал ба фаъолияти касбии у бахо медиханд, ки ин мутлако нодуруст аст. Фаромуш накунед, ки духтуру муаллим, савобгару бозонишин, дехкону подабон, хатто вазиру раис ва суду прокурору милиса хам чиноят содир мекунанд, лекин на хама чиноятхо ба фаъолияти касби мансубанд. Муаллим метавонад чинояти авбоширо содир кунад ва ё духтур каллобиро, аммо ин маънои онро надорад, ки махз у истифода аз фаъолияти касби содир кардааст. Журналиист хам катори дигарон метавонад чиноятеро содир кунад, ки ба фаъолияти касбии у алокаманди надорад. Дар ин чо Раиси шуъбаи Аврупои Шарки Жанна Кавелие дар гузориши худ кайд мекунад, ки гуё Далер Шарипов бо иттихоми сохта як сол зиндони шуд. Аввалан Шарипов Далер вобаста ба фаъолияти журналистиаш махкум нашудааст, у чинояти барангехтани киннаву адовати динниву мазхабиро бо дастгирии равияхои ифроти содир кардааст ва барои ин кирдор бо хукми суд махкум гардид. Ба монанди Жанна Кавели дар чахон пуранд бо бахонаи химояи хукуки башар ба ин ё он давлат бо хар бахона дахолат кунанд. Бояд фаромуш накард, ки касе чиноят содир кард, новобаста аз мансабу вазифа, миллату нажод, дину мазхаб, бояд хатман дар назди конун чавоб гуяд.
То чое ки ман медонам, дар Хучанд ва Панчакент ин бози солхост ки амал мекунад. Дар Хучанд пеш дар назди бозори Панчшанбе амал мекарданд. Дар ру ба руи Амнияти вилоят. Ва вокеан агар дар бозори Панчшанбе як нафар агар 10 кг сабзавотро фурушад ва хуччат надошта бошад, дар хол пулис омадаву дашному хакорат мекунанд ва хаккашонро мегиранд... Соли 2016 буд, як додарамро ки ноболиг буд, чунин фиреб карда 800 сомонашро гирифтанд. Танхо вакте кормандони амният дар миён шуданд, онхо ин маблагро баргардонданд. Дар боло Панчакент навистам, ба он хотир ки хамин Дусти амниятиам гуфт, ки инхо хамон Киморбозони Панчакент хастанд ва холо инчоанд. Ва хамчунин кайд намуд ки онхо куратор доранд дар сохторхои болои... Дигар худ хулоса намоед...
Дар Панҷакент инро сеқарта мегӯянд.Якрӯз ду милиса омада як ё ду дақиқа ба бози нигоҳ карданд ва яктои он бозӣ карда,гӯё бурд кард (50 сомони) ва рафтанд.Яъне ки онҳо ҳам бо ин фиребгарон яканд.
Дилхоҳ аблаҳ медонад, ки хоҳ писар хоҳ духтар доди худо аст ва ин кор дар дасти зану шавҳар нест. Аммо ин ки ту духтар таваллуд кардӣ гуфта ҷудо шудан фақат як баҳона асту халос. Таънаву маломат задан ҳам аз бехирадӣ нест , танҳо баҳона барои озор додан вассалом! Муттаасифона дарп ҷомеаи мо як кас бояд болои каси дигар ҳукмфармоӣ кунад ва барои ин мавқеъро соҳиб шудан аз ҳама нағмаву ҳилла ва ҳатто тӯҳмат истифода мебаранд, мамсалан дузд гуфта туҳмат бастан ба зан.
Танхо мардумро фахмидани харом будани хамаи намуди кимор аз ин кучахо боз медораду халос.