Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти президентҳо дар чаҳорчӯбаи Навруз дар Эрон


Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-руасои ҷамоҳири Тоҷикистону Туркманистон дар Теҳрон бо Маҳмуд Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон ба таври алоҳида мулоқот кардаанд. Аҳмадинежод ба президент Раҳмон гуфтааст, ки соли ҷорӣ Эрон сохтмони ду ниругоҳи барқи обиро дар Тоҷикистон ба поён мерасонад. Раҳмон изҳори умед кардааст, ки то ҷашнвораи 20-ӯмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ниругоҳи Сангтӯда-2 ба тавлиди барқ шурӯъ хоҳад кард. Аҳмадинежод ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов як ҳавопаймои дорои ду курсии нишаст ҳадя додааст. Бердимуҳаммадов бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон мулоқот ва масъалаи эҳдоси лулаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустонро баррасӣ кардаанд. Ин руасои ҷамоҳир барои ширкат дар ҷашнвораи Наврӯзи байналмиллалӣ ба Эрон даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG