Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Эрон шарики энержии Тоҷикистон боқӣ мемонад?


Наврӯзи байналмилалӣ фурсате хоҳад буд, ки Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҷалби сармояҳои ваъдагии Эронро истифода кунад.

Эрон ваъда кардааст, ки камобеш ҳудуди як миллиард доллар дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Ин кишвар дар ҳоли ҳозир дуввумин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон баъди Чин маҳсуб мешавад.

ТАРҲҲОИ ЭНЕРЖИИ ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Бар изофаи ин, ахиран он кишвар эълон кард, ки дар иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ- обии «Айнӣ» дар рӯдхонаи Зарафшон ва нерӯгоҳҳои «Нуробод- 1» ва «Нуробод- 2» дар рӯдхонаҳои Хингоб саҳм хоҳад гирифт. Як ҳайати мутахассисони эронӣ ба манзури ошноӣ ба тарҳи нерӯгоҳҳои Нуробод ва мавқеи бунёди онҳо, аз Тоҷикистон дидан карда ва феълан ин тарҳҳо дар ҳоли омӯзиш ва пешниҳоди Тоҷикистон қарор дорад.

Ин тарҳҳо барномаҳое мебошанд, ки қаблан ҷумҳурии мардумии Чин низ ваъдаи сармоягузорӣ ва сохтмони онҳоро дода буд, аммо таҳти фишори Узбакистон аз иҷрои ин тарҳҳо даст бар дошт.

ОЁ ЭРОН ШАРИКИ СОБИТИ ЭНЕРЖӢ БОҚӢ МЕМОНАД?

Аммо бо таваҷҷуҳ ба вазъе, ки худи Ҷумҳурии исломии Эрон дорад, суоли матраҳ ин аст, ки оё он кишвар дар иҷрои ин ваъдаҳои худ то куҷо метавонад собит бимонад ва низ имкон дорад, ки бо таҳти фишори кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон назири Узбакистон аз амалӣ кардани онҳо, хоса аз иҷрои тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳҳои Айнӣ ва Нуробод даст бар дорад?

Қосимшо Искандаров, таҳлилгари тоҷик дар ин бора мегӯяд: «Эрон кишвари мустақиле ҳаст, ҳам дар сиёсати хориҷияш ва ҳам дар сиёсати дохилӣ. Ва агар чунин ваъдае карда бошад, ки сармоягузорӣ мекунад, ин ваъдаро иҷро хоҳад кард. Ва дар соли гузашта вақте дар роҳи оҳан мушкиле пеш омад, ҳукумати Эрон ва шахсан раиси ҷумҳури он кишвар оқои Аҳмадинажод изҳороти муҳиме кард ва гуфт, ки дар ин мушкилӣ ҳамроҳи Тоҷикистон хоҳад буд».

ФАЗО МЕТАВОНАД ДИГАРГУН ШАВАД...

Дар ҳамин ҳол, Ҳомидҷон Орифов, дабири Кумитаи миллии Тоҷикистон дар Комиссияи байналмилалии сарбандҳои бузург мегӯяд, пеш омадани ҳар иттифоқе аз эҳтимол дур нест. Ӯ мегӯяд, аз назари техникӣ ва молӣ Эрон чунин имконоте дорад, аммо масоили дигари сиёсӣ ва манофеъи геополитикие метавонад пеш биояд, ки фазоро дигаргун кунад. Оқои Орифов мегӯяд: «Ин ҷо ҳар хел шуданаш мумкин аст. Ман ҳеҷ чизеро истисно намекунам. Аммо аз дигар тараф ҳамон нерӯгоҳҳое, ки онҳо ваъда карданд месозанд, барои Эрон ҳам муҳим ҳастанд. Бубинед, ҳамин «Сангтӯда- 2»- ро. Онро тавре сохтаанд, ки фоидааш барои Тоҷикистон хеле кам аст. Агрегатҳо ҳамин хел гузошта шудаанд, ки танҳо зери фишори баланд кор мекунанд. Аммо фишори баланди об фақат дар тобистон мешавад, вале мо дар зимистон аслан мушкили барқ дорем. Ва тобистон он барқ метавонад ба Эрон интиқол шавад. Эрониҳо ҳам ҳама тарафи масъаларо фикр мекунанд».

Ба гуфтаи таҳлилгарон, талоши Эрон барои узвият дар СҲШ низ метавонад яке аз масъалаҳои сиёсӣ дар ин миён бошад. СҲШ бо пешниҳоди Узбакистон дар соли гузашта қабули кишварҳоеро, ки таҳти таҳрими СММ қарор доранд, манъ кард. Ва Эрон дар ҳоли ҳозир таҳти чунин таҳриме қарор дорад. Дар оянда Узбакистон метавонад аз ин омил истифода кунад ва бо Эрон бар сари савдо бинишинад.

САРОЗЕРИИ САРМОЯҲОИ ЭРОН БА ТОҶИКИСТОН

Эрон дар соли гузашта Русияро пушти сар гузошт ва баъд аз Чин дуввумин кишвари сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон буд. Ин кишвар то кунун дар тарҳи сохтмони тунели «Истиқлол», сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда- 2» ба маблағи 200 миллион доллар, роҳи Кӯлоб-Дарвоз ва сохтмони чандин корхонаи муштарак саҳм гирифтааст. Нерӯгоҳи «Сангтӯда- 2» имсол такмил мешавад ва 12 сол аз он Эрон баҳрабардорӣ хоҳад намуд ва баъдан он дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад.

Тоҷикистон ва Эрон дар мавриди сохтмони як корхонаи тавлиди семент ба арзиши 500 миллион доллар низ ба тавофуқ расидаанд. Муносиботи Тоҷикистон ва Эрон зоҳиран аз сатҳи боло ва гарме бархурдор аст.

Эрон танҳо кишваре буд, ки дар соли гузашта вақте Тоҷикистон дучори муҳосираи иртиботи Узбакистон шуд, пуштибонии худро аз Тоҷикистон эълон кард ва ба Узбакистон ҳушдор дод. Агарчанд низомҳои кунунии Тоҷикистон ва Эрон ду ҷониби ба ҳам комилан мухолифанд, аммо ба даъвои ҷонибҳо, пешинаи таърихӣ, забонӣ ва динӣ онҳоро ба ҳам пайванд медиҳад. Вале коршиносон ин нуктаро низ матраҳ мекунанд, ки дар шароити сардии бесобиқаи равобити Тоҷикистон бо Маскав, раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон роҳи дигаре ҷуз густариши муносибот бо Эронро намебинад.
XS
SM
MD
LG