Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар муноқишаи мазҳабии Покистон 8 суннӣ кушта шуд


Мақомоти расмии Покистон гуфтаанд, имрӯз афроди мусаллаҳи номаълум ба сӯи пайравони мазҳаби шиа тиарандозӣ кардаанд ва дар он 8 нафар кушта, 5 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин ҳамла дар наздикии марз бо Афғонистон дар шаҳраке бо номи Боғони вулусволии Хуррам рух додааст. Дар ин минтақа гаҳ-гоҳе миёни пайравони суннӣ ва шиа даргириҳо сурат мегирад. Сунниҳо аксариятро ташкил медиҳанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ҳамлакунандагон ба сӯи ду мошин оташ кушодаанд. Дар миёни кушташудагон як зан ва як кӯдак низ ҳаст.
XS
SM
MD
LG