Ин сармоягузорӣ эронӣ, ки дар гузашта дар коҳиши таҳримҳо алайҳи Эрон саҳм дошт ва мавзуи сармояҳои бандмондааш дар Тоҷикистон, яке аз сабабҳои таниш миёни Душанбе ва Теҳрон шуда буд, рӯзи 15 август дар телеграмканали худ навишт;
"Дирӯз ҷамъе аз меҳмонони даъватшуда аз Тоҷикистон, аз ҷумла, вазири нақлиёт, вазири роҳи оҳан, вазири энержӣ, масъулони бонкӣ ва хонаводаи муҳтарами раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон, меҳмони мо дар Эрон буданд".
Дар ҳоли ҳозир як ҳайати баландпоя аз мақомоти Тоҷикистон бо раҳбарии Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси ҷониби тоҷикистонии Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон, дар Теҳрон қарор доранд.
Дар таркиби ин ҳайат Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёбонк" ва бародарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон, Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва дигарон шомиланд. Меҳвари ин гуфтугӯҳо, густариши ҳамкориҳо дар соҳаи нафту газ ва содироти он ба Тоҷикистон будааст.
Бобаки Занҷонӣ дар идома навиштааст, "меҳмонони тоҷики мо ҳадяи нафис ва арзишманд, шомили медали ифтихорӣ ва акси наққошии манро ба ҳамроҳ оварданд, ки барои мо бисёр боарзиш буд".
Ин миллиардери эронӣ ибрози умедворӣ кардааст, ки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон рӯзи ба рӯз қавитар шавад.
Эрон яке аз шарикони тиҷории Тоҷикистон ба шумор меравад ва тибқи иттилои расмӣ, ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар дар нимсолаи аввали соли равон 254,3 миллионро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 32,8 миллион ё 14,8 дарсад зиёд мебошад.
Бобаки Занҷонӣ дар гузашта миллионҳо доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда буд. Сарнавишти дороиҳои ӯ дар ин кишвар маълум нест ва мақомоти Эрону Тоҷикистон низ дар ин бора гапи наве нагуфтаанд.
Бархе мақомоти эронӣ дар гузашта иддао карда буданд, ки ин тоҷири сарватманд аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад. Ин мақомот ҳамчунин гуфта буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст.
Аммо ҷониби Эрон иддао дорад, ки ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Мақомоти Тоҷикистон борҳо гуфтанд, ки Бобаки Занҷонӣ ҳамаи дороиҳояш дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.
Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги "Kont group Tajikistan", ширкатҳои "Коntgroup investment", "Asian Express Terminal", "Asian Express Airline" ва "Kont tourism Tajikistan", ки ҳоло бархе аз онҳо ё тағйири ном кардаанд ё фаъолият надоранд, ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешуданд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда буд.
Гуфтугӯ