Дар маросимии муаррифии ин амбуланс, ки рӯзи 21 июл баргузор шуд, худрави дурангаи сафед ва зард бо тарроҳии муҷаҳҳаз бо панелҳои офтобӣ рӯи сақф, ба намоиш гузошта шуд.
Панелҳои офтобии боло ин худрав на танҳо қувваи муҳаррики он, балки нерӯи мавриди ниёзи таҷҳизоти тиббии дохили он, аз дастгоҳҳои ташхиси рентгенӣ гирифта то дастгоҳҳои ташхиси қалбро низ таъмин мекунад.
Ин амбуланси дунафара, ки "Stella Juva" ном дорад, метавонад бо суръати 120 километр дар як соат ҳаракат кунад ва барои ҳаракат дар роҳҳои душворгузар ва берун аз ҷодаҳо тарҳрезӣ шудааст.
Ин худрав дар як рӯзи офтобӣ метавонад то 715 километр роҳро тай кунад. Батареяи он аз нерӯи офтоб қувва мегирад ва дар шаб ё дар ҳавои абрӣ низ кор мекунад.
Ин худрав барои интиқоли бемор ба бемористон тарҳрезӣ нашуда, балки ҳадафи он расонидани хадамоти тиббӣ ба худи бемор аст. Ин амбуланс шомили маҷмуаҳои таҳлили ҳуҷайра, сандуқҳои сарднигоҳдоранда ё яхчол барои нигаҳдории ваксинаҳо, ва дастгоҳи ултрасадо барои занони бордор аст.
Ин амбуланси дунафара метавонад бо суръати 120 километр дар як соат ҳаракат кунад.
Матияс ван Гервен, раҳбари тарҳ ва донишҷӯи 21-сола дар Донишгоҳи технологии Эйндховени Ҳолланд, дар бораи ин худрав мегӯяд, "Stella Juva" комилан муҷаҳҳаз аст, то хадамоти тиббиро дар минтақаҳои душворгузар, пешниҳод кунад".
Ин тим қасд дорад, ки моҳи оянда ба Кения сафар кунад, то фаъолияти худравро дар шароити воқеӣ озмоиш кунад.
Созмонҳои башардӯстонаи ироакунандаи хадамоти тиббӣ дар кишварҳои африқоӣ мегӯянд, мушкили бисёре аз кишварҳои африқоӣ дар заминаи ироаи хадамоти тиббӣ, "масофаи воқеан зиёд" байни деҳаҳои бисёр дурафтода ва марказҳои тиббӣ аст.
Дастрасӣ ба нақлиёти умумӣ низ дар бархе кишварҳои африқоӣ бисёр маҳдуд аст ва ин масъала дар баробари қимат будани нархи сӯзишворӣ ва қобили эътимод набудани шабакаҳои барқ, чолишҳои бузурге дар ироаи хадамоти тиббӣ дар ин кишварҳо ба вуҷуд овардааст.
Бисёре аз аъзои ин тими донишҷӯии ҳолландӣ таҳсили худро муваққатан қатъ кардаанд, то рӯи ин тарҳ кор кунанд. Тарҳе ки такмили он як сол вақтро мегирад.
Дар қисмати пеши худрав, лавҳае вуҷуд дорад, ки суръати феълӣ ва мизони қувваи батареяро нишон медиҳад. Таҷҳизоти тиббии пизишкӣ дар бахши ақиби ин худрав қарор гирифтаанд.
Хабарнигори хабаргузории "Франс пресс" ҳангоми муаррифӣ аз худрав, таҷрибаи ронандагӣ бо онро дар роҳҳои соф бетонии маркази озмоишӣ дар шаҳри Барневелд дар маркази Ҳолланд, "равон ва роҳат" тавсиф кардааст.
Аммо Ван Гервен ва тимаш медонанд, ки шароит дар минтақаҳои дурафодаи Кения бисёр дигаргун хоҳад буд. Ӯ мегӯяд, "агар бихоҳем дар масирҳои берун аз роҳҳо ҳаракат кунем, ҷоеки воқеан хадамоти тиббӣ бояд ироа шавад, бояд мустаҳкамӣ ва давомдор будани худравро дар назар бигирем".
Аз ҳамин рӯ, дар ин амбуланс, чархҳои эҳтиётӣ ва белҳое вуҷуд доранд, то дар сурати банд мондани худрав дар гил ё хок, битавон онро берун оварад.
"Stella Juva" ҳанӯз як намунаи ибтидоӣ аст ва Ван Гервен мегӯяд, барои таъсири воқеӣ бояд тавлиди он дар миқёси бузургтаре анҷом шавад. "Мо фақат 23 донишҷӯ ҳастем ва ин худравро дар муддати як сол сохтем. Саноати фановарӣ бояд битавонад ин корро бисёр беҳтар ва зудтар анҷом диҳад".
Ин худрав барои тай кардани масофаи тӯлонӣ тарҳрезӣ шудааст ва аз онҷо, ки бо нерӯи офтоб кор мекунад, вақте ба мақсад мерасад, зарур нест барои қувва гирифтан ё сӯхтгирӣ ба як маркази аслӣ бозгардад ва "метавонад ҳамин тавр идома диҳад ва идома диҳад ва идома диҳад".
Номи "Stella Juva" баргирифта аз ду калима аст. "Stella" номе аст, ки ин гурӯҳи донишҷӯӣ дар солҳои гузашта дар маҷмуаи худравҳои офтобии сохти худашон гузоштаанд ва "Juva" дар забони лотинӣ ба маънои "ёрирасон" аст.
Гуфтугӯ