Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти тими занонаи Тоҷикистон ба Қирғизистон дар қаҳрамонии CAFA (U-20)

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии Юсуф Рабиев дар бозии дувумаш дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои занона (CAFA U-20 Women's Championship 2026) аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Дар бозии бонувони футболбози то 20-солаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки шаби 23-юми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, ҳисобро дар дақиқаи 7-ум бозигари меҳмонон Оқмарал Саякбоева кушод. Пас аз 20 дақиқа ӯ голи дувуми мунтахаби Қирғизистонро ба самар расонд.

Бозии дигари даври дувуми ин мусобиқа миёни тимҳои бонувони Эрону Узбекистон бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Ёдовар мешавем, дар даври аввали мусобиқа 21-уми июл мунтахаби Узбекистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ва тими Эрон бар мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда буданд.

Пас аз натиҷагирии даври дувуми мусобиқа дар ҷадвал тимҳои Эрону Узбекистон бо чаҳоримтиёзӣ пешсафанд. Дастаи Қирғизистон бо се имтиёз дар ҷойи севум аст. Мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор дорад.

Дар даври севуми мусобиқа, ки 25-уми июл доир мегардад, тимҳои Қирғизистону Эрон ва Тоҷикистону Узбекистон бо ҳам рақобат мекунанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2026 миёни дастаҳои мунтахаби занона (U-20), ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор 25-уми июл ба поён мерасад, дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок доранд.

Бозиҳо аз рӯйи низоми даврӣ дар як марҳала барпо гардида, ҳар як даста се вохӯрӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки бештар аз ҳама имтиёз мегирад, соҳиби Ҷоми CAFA-2026 мешавад.

Барои дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) ин мусобиқа яке аз марҳалаҳои муҳими омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 ба ҳисоб меравад, ки аз 28-уми август то 5-уми сентябри соли оянда доир хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2026 миёни занон (U-20):

Даври якум

21-уми июл (сешанбе)

Узбекистон – Қирғизистон – 1:0

Тоҷикистон – Эрон – 2:3

Даври дувум

23-юми июл (панҷшанбе)

Эрон- Узбекистон – 1:1

Қирғизистон – Тоҷикистон – 2:0

Даври севум

25-ум июл (шанбе)

Қирғизистон - Эрон, 18:00

Тоҷикистон - Узбекистон, 21:45

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG