Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 голи чавгонбозони Шри-Ланка ба дарвозаи тими ҷавонони Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар Ҷоми AHF (Федератсияи ҳоккейи Осиё)-2026 байни ҷавонони то 21-сола, ки дар шаҳри Талдиқӯрғони Қазоқистон ҷараён дорад, аз тими Шри-Ланка бо ҳисоби 0:10 шикаст хӯрд.

Ин бозии даври аввали гурӯҳи А бо бартарии комили мунтахаби Шри-Ланка сурат гирифт. Панҷ голро Аркам Муҳаммад ба самар расонд. Шенал Домавалаге ду гол, Нетхмина Патхирана, Дишон Якдехиге ва Вирасурия Оягава якголӣ заданд.

Ин мусобиқаи байнулмилалӣ (Men's Junior AHF Cup 2026), ки таҳти сарпарастии Федератсияи ҳоккейи Осиё 23-юми июн дар варзишгоҳи Бескӯли Талдиқӯрғон шуруъ шуд, то якуми июл идома хоҳад кард.

Мусобиқа бо иштироки ҳашт даста дар ду гурӯҳ ҷараён дорад:

Гурӯҳи А: Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия, Шри-Ланка, Тоҷикистон;

Гурӯҳи B: Қазоқистон (мизбон), Узбекистон, Тайланд, Эрон.

Пас аз анҷоми марҳалаи гурӯҳӣ рақобатҳои чорякфиналӣ, нимфиналӣ ва бозиҳо барои муайян кардани мавқеи ниҳоии дастаҳо доир мегарданд. Финал ва бозӣ барои медалҳои биринҷӣ якуми июл ба нақша гирифта шудааст.

Чавгонбозӣ, гӯйбозӣ — навъе аз варзиши қадимии тоҷикон, ки дар майдон савори асп ё пиёда баргузор мегардад. Бозигарон ба ду даста тақсим шуда, дар майдон кӯшиш мекунанд, ки бо чавгон (чӯби каҷ) гӯй (тӯб)-ро ба дарвозаи дастаи ҳариф ворид кунанд.

Ин бозӣ сарчашмаи таърихии намудҳои муосири варзиш, ба монанди поло (савора) ва ҳоккейи рӯйи чаман (пиёда) ба ҳисоб меравад.

Мусобиқаҳои чавгонбозӣ ба таври суннатӣ дар идҳои Наврӯз, Меҳргон ва тӯйҳои арӯсию хатнасур баргузор мешуданд.

Дастаи мунтахаби чавгонбозии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ, фаъолона иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG