Дар даври севум дар гурӯҳи А мунтахаби Мексика тими Ҷумҳурии Чехро бо ҳисоби 3:0 ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.
Дар ин гурӯҳ Мексика бо 9 имтиёз ҷойи якумро касб кард. Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бо 4 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста ба даври плей-офф роҳ ёфт. Кореяи Ҷанубӣ бо 3 имтиёз дар зинаи севум ва Ҷумҳурии Чех бо як имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифтанд. Чехҳо аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуданд.
Дар даври севуми рақобатҳои гурӯҳи В Швейтсария бар Канада бо ҳисоби 2:1, Босния ва Ҳерсеговина бар Қатар бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд.
Дар ҷадвали ин гурӯҳ Швейтсария бо 7 имтиёз ҷойи якум ва Канада бо 4 имтиёз ҷойи дувумро соҳиб шуда, ба плей-офф баромаданд. Босния ва Ҳерсеговина бо 4 имтиёз севум ва Қатар бо як имтиёз чаҳорум шуданд. Қатариҳо аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Дар даври севуми рақобатҳои гурӯҳи С Марокаш бар Ҳаити бо ҳисоби 4:2 ва Бразилия бар Шотландия бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.
Дар ҷадвали ин гурӯҳ Бразилия ва Марокаш бо 7-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро ишғол намуда, ба даври плей-офф роҳ ёфтанд. Шотландия бо 3 имтиёз ҷойи севум ва Ҳаити бидуни имтиёз ҷойи чаҳорумро гирифтанд. Футболбозони Ҳаити макони мусобиқаро тарк мекунанд.
Ба ин тартиб, то ҳоло 12 тими миллӣ - Мексика, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Фаронса, Норвегия, Аргентина, Колумбия, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Швейтсария, Канада, Бразилия ва Марокаш ба даври плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 роҳ ёфтанд.
Дар 15 рӯзи мусобиқа 54 бозӣ доир гардид. 40 бозӣ бо пирӯзии яке аз дастаҳо хотима ёфт ва 14 дидор бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Дар 54 бозӣ 161 гол зада шуд.
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 Лионел Месси бо 5 гол дар мақоми аввал аст. Ин ҳамлагари аргентинӣ, ки 24-уми июн 39-сола шуд, дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол рекорди нав гузошт.
Вай дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин бо 18 голи задааш ба ҷойи аввал баромада, аз Мирослав Клозеи олмонӣ (16 гол) пеш гузашт. Ба панҷгонаи беҳтаринҳо, инчунин Роналдо (Бразилия, 15), Герд Мюллер (Олмон, 14) ва Килиан Мбаппе (Фаронса, 14) дохиланд.
Ба рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 пас аз Лионел Месси (5 гол), Винисиус Жуниор (Бразилия), Килиан Мбаппе (Фаронса), Эрлинг Ҳоланн (Норвегия) бо чорголӣ, Дениз Ундав (Олмон), Ҷонатан Дэвид (Канада), Жоан Манзамби (Швейтсария), Исмоил Сайбарӣ (Марокаш) ва Матеус Куня (Бразилия) бо сеголӣ шомиланд.
Натоиҷи бозиҳои марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ва мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳҳо:
Гурӯҳи А
Мексика – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) – 2:0
Кореяи Ҷанубӣ – Ҷумҳурии Чех – 2:1
Мексика – Кореяи Ҷанубӣ – 1:0
Ҷумҳурии Чех – ҶАҶ – 1:1
Мексика – Ҷумҳурии Чех – 3:0
ҶАҶ – Кореяи Ҷанубӣ – 1:0
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Мексика | 3 | 3 | 0 | 0 | 6-0 | 9 |
| 2 | Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ | 3 | 1 | 1 | 1 | 2-3 | 4 |
| 3 | Кореяи Ҷанубӣ | 3 | 1 | 0 | 2 | 2-3 | 3 |
| 4 | Ҷумҳурии Чех | 2 | 0 | 1 | 2 | 2-6 | 1 |
Гурӯҳи В
Канада - Босния ва Ҳерсеговина – 1:1
Қатар – Швейтсария – 1:1
Канада – Қатар – 6:0
Швейтсария – Босния ва Ҳерсеговина – 4:1
Швейтсария – Канада – 2:1
Босния ва Ҳерсеговина – Қатар – 3:1
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Швейтсария | 3 | 2 | 1 | 0 | 7-3 | 7 |
| 2 | Канада | 3 | 1 | 1 | 1 | 8-3 | 4 |
| 3 | Босния ва Ҳерсеговина | 3 | 1 | 1 | 1 | 5-6 | 4 |
| 4 | Қатар | 3 | 0 | 1 | 2 | 2-10 | 1 |
Гурӯҳи С
Бразилия – Марокаш – 1:1
Ҳаити – Шотландия – 0:1
Шотландия – Марокаш – 0:1
Бразилия – Ҳаити – 3:0
Марокаш – Ҳаити – 4:2
Шотландия – Бразилия – 0:3
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Бразилия | 3 | 2 | 1 | 0 | 7-1 | 7 |
| 2 | Марокаш | 3 | 2 | 1 | 0 | 6-3 | 7 |
| 3 | Шотландия | 3 | 1 | 0 | 2 | 1-4 | 3 |
| 4 | Ҳаити | 3 | 0 | 0 | 3 | 2-8 | 0 |
Гурӯҳи D
ИМА – Парагвай – 4:1
Австралия – Туркия – 2:0
ИМА – Австралия – 2:0
Туркия – Парагвай – 0:1
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | ИМА | 2 | 2 | 0 | 0 | 6-1 | 6 |
| 2 | Австралия | 2 | 1 | 0 | 1 | 2-2 | 3 |
| 3 | Парагвай | 2 | 1 | 0 | 1 | 2-4 | 3 |
| 4 | Туркия | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-3 | 0 |
Гурӯҳи Е
Кот-д’Ивуар – Эквадор – 1:0
Олмон – Курасао – 7:1
Эквадор – Курасао – 0:0
Олмон - Кот-д’Ивуар – 2:1
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Олмон | 2 | 2 | 0 | 0 | 9-1 | 6 |
| 2 | Кот-д’Ивуар | 2 | 1 | 0 | 1 | 2-2 | 3 |
| 3 | Эквадор | 2 | 0 | 1 | 1 | 0-1 | 1 |
| 4 | Курасао | 2 | 0 | 1 | 1 | 1-7 | 1 |
Гурӯҳи F
Шведсия – Тунис –5:1
Нидерланд – Ҷопон – 2:2
Нидерланд – Шведсия – 5:1
Тунис – Ҷопон – 0:4
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Нидерланд | 2 | 1 | 1 | 0 | 7-3 | 4 |
| 2 | Ҷопон | 2 | 1 | 1 | 0 | 6-2 | 4 |
| 3 | Шведсия | 2 | 1 | 0 | 1 | 6-6 | 3 |
| 4 | Тунис | 2 | 0 | 0 | 2 | 1-1 | 0 |
Гурӯҳи G
Эрон – Зеландияи Нав – 2:2
Белгия – Миср – 1:1
Белгия - Эрон – 0:0
Зеландияи Нав – Миср – 1:3
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Миср | 2 | 1 | 1 | 0 | 4-2 | 4 |
| 2 | Эрон | 2 | 0 | 2 | 0 | 2-2 | 2 |
| 3 | Белгия | 2 | 0 | 2 | 0 | 1-1 | 2 |
| 4 | Зеландияи Нав | 2 | 0 | 1 | 1 | 3-5 | 1 |
Гурӯҳи Н
Арабистони Саудӣ – Уругвай – 1:1
Испания – Кабо-Верде – 0:0
Испания – Арабистони Саудӣ – 4:0
Кабо-Верде – Уругвай – 2:2
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Испания | 2 | 1 | 1 | 0 | 4-0 | 4 |
| 2 | Уругвай | 2 | 0 | 2 | 0 | 3-3 | 2 |
| 3 | Кабо-Верде | 2 | 0 | 2 | 0 | 2-2 | 2 |
| 4 | Арабистони Саудӣ | 2 | 0 | 1 | 1 | 1-5 | 1 |
Гурӯҳи I
Ироқ – Норвегия – 1:4
Фаронса – Сенегал –3:1
Фаронса- Ироқ – 3:0
Норвегия – Сенегал – 3:2
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Фаронса | 2 | 2 | 0 | 0 | 7-1 | 6 |
| 2 | Норвегия | 2 | 2 | 0 | 0 | 7-3 | 6 |
| 3 | Сенегал | 2 | 0 | 0 | 2 | 3-6 | 0 |
| 4 | Ироқ | 2 | 0 | 0 | 2 | 1-7 | 0 |
Гурӯҳи J
Аргентина – Алҷазоир – 3:0
Австрия – Урдун – 3:1
Аргентина – Австрия – 2:0
Урдун – Алҷазоир – 1:2
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Аргентина | 2 | 2 | 0 | 0 | 5-0 | 6 |
| 2 | Австрия | 2 | 1 | 0 | 1 | 3-3 | 3 |
| 3 | Алҷазоир | 2 | 1 | 0 | 1 | 2-4 | 3 |
| 4 | Урдун | 2 | 0 | 0 | 2 | 2-5 | 0 |
Гурӯҳи К
Узбекистон – Колумбия – 1:3
Португалия – ҶД Конго – 1:1
Португалия – Узбекистон – 5:0
Колумбия - ҶД Конго – 1:0
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Колумбия | 2 | 2 | 0 | 0 | 4-1 | 6 |
| 2 | Португалия | 2 | 1 | 1 | 0 | 6-1 | 4 |
| 3 | ҶД Конго | 2 | 0 | 1 | 1 | 1-2 | 1 |
| 4 | Узбекистон | 2 | 0 | 0 | 2 | 1-8 | 0 |
Гурӯҳи L
Гана – Панама – 1:0
Англия – Хорватия – 4:2
Панама – Хорватия – 0:1
Англия - Гана – 0:0
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И |
| 1 | Англия | 2 | 1 | 1 | 0 | 4-2 | 4 |
| 2 | Гана | 2 | 1 | 1 | 0 | 1-0 | 4 |
| 3 | Хорватия | 2 | 1 | 0 | 1 | 3-4 | 3 |
| 4 | Панама | 1 | 0 | 0 | 2 | 0-2 | 0 |
Дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ҳамагӣ 48 даста ширкат дорад. Дар маҷмӯъ 104 бозӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ҳоло 54-тоаш доир гардид.
Дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дастаҳои мунтахаб ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шуда, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза мебаранд.
Таркиби гурӯҳҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026:
Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия
Гурӯҳи B: Канада, Қатар, Швейтсария, Босния ва Ҳерсеговина
Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Ҳаити, Шотландия
Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия
Гурӯҳи E: Олмон, Курасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор
Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шведсия
Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав
Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай
Гурӯҳи I: Фаронса, Ироқ, Сенегал, Норвегия
Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун
Гурӯҳи K: ҶД Конго, Португалия, Узбекистон, Колумбия
Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои севум, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.
Тақвими Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026
дар ИМА, Мексика, Канада (бо вақти Душанбе)
Марҳалаи гурӯҳӣ
Даври севум
26 июн
01:00. Курасао - Кот-д’Ивуар
01:00. Эквадор – Олмон
04:00. Тунис – Нидерланд
04:00. Ҷопон – Шведсия
07:00. Туркия – ИМА
07:00. Парагвай – Австралия
27 июн
00:00. Норвегия – Фаронса
00:00. Сенегал – Ироқ
05:00. Кабо-Верде - Арабистони Саудӣ
05:00. Уругвай – Испания
08:00. Зеландияи Нав – Белгия
08:00. Миср – Эрон
28 июн
02:00. Панама – Англия
02:00. Хорватия – Гана
04:30. Колумбия – Португалия
04:30. ҶД Конго – Узбекистон
07:00. Алҷазоир – Австрия
07:00. Урдун – Аргентина
Гуфтугӯ