Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Ҳинд дар Ҳисор мегузарад

Тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии Игор Ангеловский, мутахассиси 50-сола аз Македонияи Шимолӣ, бозии дувуми дӯстонаро бо мунтахаби Ҳиндустон 9-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мекунад.

Ин бозӣ дар доираи рӯзҳои расмии FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) доир шуда, соати 20:00 оғоз меёбад.

Довари FIFA Аҳрол Ризқуллоев аз Убекистон сардовари бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш - ёварони довари FIFA Алишер Усмонов ва Ислом Азимов - кумак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари FIFA Абдулло Давлатов аз Тоҷикистон ба зимма дорад.

Ёдовар мешавем, тими миллии Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона, ки 5-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дода буд.

Пас аз натиҷагирии бозии аввали дӯстона дар радабандии нави FIFA Тоҷикистон се зина боло - ба ҷойгоҳи 100-ум - баромад ва Ҳиндустон се зина поин шуд - 139-ум.

Дар умум, ин бозии 9-ум миёни мунтахабҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар тули 18 сол ба шумор меравад. Дар чаҳор бозӣ футболбозони тоҷик, дар ду дидор бозигарони ҳинду ғалаба кардаанд ва ду бозӣ мусовӣ шудааст.

Холид Ҷамили 49-сола аз Кувайт, ки вазифаи сармураббии тими миллии Ҳиндустонро ба уҳда дорад, соли гузашта ҳам дастаашро ба Тоҷикистон оварда буд. Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” дар гурӯҳи «В», ки моҳи сентябри порсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд, аз тими миллии Ҳиндустон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.

Бояд зикр намуд, бозиҳои дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон як марҳилаи омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мебошад. Рақибони футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «D» тимҳои миллии Австралия, Ироқ ва Сингапуранд. Австралия ва Ироқ дар Ҷоми ҷаҳон-2026 бозӣ хоҳанд кард.

Пеш аз қаҳрамонии ҷаҳон-2026 тимҳои миллии Австралия ва Ироқ бозиҳои дӯстона анҷом доданд, ки натиҷаҳояшон чунинанд:

29-уми май – Ироқ - Андорра - 1:0 дар шаҳри Жирони Испания.

31-уми май — Мексика – Австралия - 1:0 дар варзишгоҳи Роуз Боули Калифорнияи ИМА.

4-уми июн - Ироқ – Испания - 1:1 дар варзишгоҳи «Риасор”-и Ла-Корунйе (Испания).

6-уми июн — Австралия – Швейтсария - 1:1 дар варзишгоҳи «Снэпдрэгон Стэдиум» (Сан-Диего, ИМА).

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG