Ин бозиҳо дар доираи рӯзҳои расмии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) доир мешаванд. Бозии аввал рӯзи ҷумъаи 5-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода ва бозии дувум рӯзи сешанебеи 9-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо мегарданд. Ҳарду бозӣ соати 20:00 оғоз меёбад. Нархи билет барои тамошои бозӣ 20 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бозии аввали дӯстонаро байни тимҳои миллии Тоҷикистону Ҳиндустон доварон аз Узбекистон ҳакамӣ мекунанд. Довари FIFA Аскар Наҷафалиев сардовари бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Бахтиёрхӯҷа Шавкатов ва Руслан Серазетдинов кӯмак мерасонанд.
Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси 15-сола боз шоҳиди бозии тими миллии Тоҷикистон хоҳанд шуд. Бори охир мунтахаби Тоҷикистон соли 2011-ум дар Турсунзода бо тими миллии Узбекистон рақобат карда буд.
Дидор бо мунтахаби Ҳиндустон дар Турсунзода нахустин бозии тими миллии Тоҷикистон бо сарварии Игор Ангеловский дар мақоми сармураббӣ хоҳад буд.
Ин мутахассиси македонӣ дар нишасти матбуотӣ, ки 4-уми июн дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе доир шуд, ба хабарнигорон гуфт, бозиҳои дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон як марҳилаи муҳими омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мебошад.
Вай афзуд, "мо ду рақобати охирини рақибро тамошо кардем. Медонем, ки онҳо дар Лондон бозиҳои дӯстона анҷом додаанд. Барои мо ин бозиҳо аз нуқтаи назари омодагӣ ва санҷиши бозигарон хеле муҳиманд. Мехоҳем фидокорӣ, интизом ва сифати бозиро бубинем. Умедворам, ки мухлисон ба варзишгоҳ меоянд ва мунтахаби моро дастгирӣ мекунанд. Дастгирии онҳо ҳамеша ба даста нерӯ мебахшад. Мекӯшем мухлисонро бо бозии хуб ва натиҷаи мусбат хушҳол кунем".
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Ҳиндустон 26 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.
Аммо дарвозабон Олег Баклов, ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров, нимҳимоятгар Ҳамадонӣ Камолов ва ҳамлагар Рустам Соиров бинобар ҷароҳат доштанашон дар ин бозиҳои дӯстона иштирок намекунанд.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Ҳиндустон (5-ум ва 9-уми июн):
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Далер Азизов («Ҳосилот»), Зуҳриддин Муйдинов («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиён», Узбекистон), Ваҳдат Ҳаннонов («Сипоҳон», Эрон), Раҳматшо Раҳматзода («ПСИМ Йогикарта», Индонезия), Аҳтам Назаров («Вахш»), Табрез Исломов, Алиҷон Кароматуллозода, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Меҳрубон Каримов («Равшан»), Фурқон Раҳимзода («Ҳосилот»), Абдулло Шарипов («Регар-ТадАЗ»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз Теренгану», Малайзия), Алишер Шукуров («Қизилқум», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Салоҳиддин Эргашев («Ҳосилот»), Ҷамшед Махсумов («Равшан»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ал-Карма», Ироқ), Шериддин Бобоев («ПСМ Макассар», Индонезия), Далер Шарипов («Истиқлол»), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»)
Сармураббӣ – Игор Ангеловский (Македонияи Шимолӣ).
Дар ҳамин ҳол тими миллии Тоҷикистон дар радабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) зинаи 103-юм ва мунтахаби Ҳиндустон ҷойгоҳи 136-умро касб кардаанд.
Халид Ҷамили 49-сола аз Кувайт аз 1-уми августи соли 2025 вазифаи сармураббии тими миллии Ҳиндустонро ба зимма дорад. Дарвоқеъ, мунтахаби Ҳиндустон зери раҳбарии ин мутахассис соли гузашта ба Тоҷикистон омада буд.
Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми миллатҳои CAFA-2025” дар гурӯҳи «В», ки моҳи сентябри порсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд, аз тими миллии Ҳиндустон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.
Гуфтугӯ