Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҳангарони тоҷик саъй доранд, то касби қадимӣ аз байн наравад

Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд гурӯҳи бузурге аз оҳангарон ҷамъ омаданд ва маҳсули корҳои худро ба намоиш гузоштанд. Оҳангарони аштӣ, ки ин касбро насл ба насл ҳифз кардаанд, ҳоло талош доранд, ин ҳунари аҷдодиро мутобиқ ба замони муосир рушд диҳанд.

Оҳангарӣ касби дувуми Дилшод Аслонов аст. Падару бобо ва бобокалонаш оҳангар будаанд ва шогирдони зиёде тарбия кардаанд.

"Ман ин касбро аз хурдсолиам дӯст медорам. Ин касбро ҳоло барои он аз нав омӯхта ва равнақ медиҳем, ки ҳамин касби падариамон гум нашавад. Бо васияти падарам, ин касби бобоиро давом медиҳем",-мегӯяд Дилшод Аслонов.

Устохонаи Дилшод дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт қарор дорад ва ҳоло чун мавсими кишту кори баҳорист, барои омода кардани каланд дархостҳои зиёд гирифтааст. Ӯ мегӯяд, барои осон шудани кори деҳқон, аз субҳ то шом дар оташи сӯзон оҳанро гудохта, бо болға суфтаву тунук месозанд.

Ин оҳангар мегӯяд, "ҳамин қадар аз Чин ва аз дигар кишварҳо ҳамин каландҳо омад, лекин талабот ба оҳангарии худамон зиёд аст. Маҳсулоти онҳо нисбати мо сифаташ пасттар аст. Барои хоҷагии қишлоқ ҳамавақт даркор мешавад, барои ҳамин устоҳои оҳангар зарур мебошад".

Оҳангарони тоҷик саъй доранд, то касби қадимӣ аз байн наравад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:12 0:00

Деҳаи Аштро аз қадим макони оҳангарон меноманд. Оҳангарони инҷо бештар аз 100 навъи олот ва асбоби рӯзгорро таҳия мекунанд, ки мардум ба онҳо эҳтиёҷ доранд.

Шералӣ Алиев низ зодаи ин минтақа аст ва ҳунарро аз гузаштагонаш ба мерос гирифтааст. Аммо ӯ мегӯяд, назар ба солҳои пеш устохонаҳо камтар шуда, давомдиҳандагони ин касб низ коҳиш ёфтаанд. Чунки ҷойи олоти дастиро техника иваз кардааст.

"Агар солҳои пеш дар як моҳ 100 дона дос мефурӯхтем, ҳоло 10 дона мефурӯшем. Солҳои пеш одамон асосан дастӣ меҳнат мекарданд, ҳозир бисёртар аз техника истифода мекунанд",-мегӯяд Шералӣ Алиев.

Ҷамъияти оҳангарони ноҳияи Ашт мегӯяд, ки талош дорад бо ҷалби ҳунармандони минтақа таваҷҷӯҳро ба ин касбу кор бештар намояд. Ба ин хотир, рӯзи 19 апрел даҳҳо тан аз оҳангарон аз кишварҳои Осиёи Миёна инҷо ҷамъ омаданд ва дастранҷи хешро ба намоиш гузоштанд ва табодули андеша намуданд.


Усто Музаффар, ки аз ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон ба ин анҷуман омадааст, намудҳои гуногуни кордҳои дастисохташро ба намоиш гузошт.

Ин ҳунарманди узбекистонӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз азал устодони мо нархи ниҳоии як кордро баробар ба як кило гушт муайян кардаанд ва чунин васият намуданд. Яъне ҳақмузди усто ҳоло барои як корд мувофиқ ба 120 сом аст. Мо ҳамин анъанаро давом медиҳем".

Дар ин ҳамоиш чанде аз ҳунармандони собиқадори минтақа бо сипосномаҳо сазовор гаштанд ва муҳаққиқон асарҳои навашонро оиди ин ҳунар муаррифӣ намуданд.

Тошмирзо Нормирзоев, яке аз меросбарони ин касб, ки феълан дар кишвари Русия кору иқомат доранд, аз сӯи кӯҳансолон дуои "Арвоҳи пир" -ро гирифт ва тибқи одат анъанаи "камарбаста"-ро иҷро карданд. Ӯ аз роҳнамоёнашон ҷомаву камарбанд гирифт, то касби бостониро ҳифз кунанд ва ба дигарон мерос гузорад.

Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳияи Ашт дар ин ҳамоиш гуфт, "басо ҷолиби диққат аст, ки дар гузаштаи начандон дур намояндагони оҳангарони Ашт дар Ҳиндустон, Эрон, Туркия, Арабистони Саудӣ ва ҳатто баъзе аз давлатҳои Аврупои Ғарби муаррифгари ҳунарҳои оҳангарӣ буданд. Алҳол 8 оилаи оҳангарони аштии муқими Тошканд дар шаҳри Ню-Йорки Амрико касби аҷдодии худро идома дода, ба хориҷиён ҳунари оҳангариро муаррифӣ менамоянд".

Муҳаққиқони соҳа мегӯянд, ки ҳарчанд ҳанӯз ҳам асбобҳои оҳанӣ бо тамғаи Ашт зиёд тавлид мегардад, аммо ҳунари оҳангарӣ аз равнақ мондааст. Чун носозгориҳои рӯзгор сабаб шудааст, ки баъзеҳо аз ин ҳунар дур шаванд ва ба муҳоҷират раванд.

Ҷамъияти оҳангарон бо кӯмаки мақомоти маҳаллӣ бо баргузории ҳаштумин Анҷумани оҳангарон дар деҳаи Ашт ҳамчун маркази ин ҳунар ва ворисони Коваи оҳангар, кӯшиш дорад, ҷавонони дигарро ҳавасманд кунад. Ин анҷуман тақрибан 20 сол боз фаъол аст.

Ҷамъияти оҳангарони Ашт тақрибан ду аср ба ин сӯ арзи ҳастӣ дошта, оҳангарони зиёде аз кишварҳои дигар узви он ҳастанд.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG