Идрис Ҳасанов ба "ғайриқонунӣ кашонидани таҷҳизоти баҳрӣ" муттаҳам аст ва қарор аст мурофиаи додгоҳиаш рӯзҳои наздик оғоз шавад. Маълум нест барои "ғайриқонунӣ кашонидани таҷҳизоти баҳрӣ", чӣ ҷазое дар интизори ин шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Ӯ рӯзи 20 апрел дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳи Хуршед Наимов, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки соҳиби мошини боркаш буд, аз Олмон ба шаҳри Лилл дар Фаронса таҷҳизоти баҳрӣ мекашонданд.
Ба гуфтааш, дар яке аз ин сафарҳо нозирони роҳ онҳоро манъ карданд ва пас аз санҷишу таҳқиқи санадҳо, номҳояшонро ба "Интерпол" доданд. Онҳо рӯзи 24 январи соли 2025 боздошт шудаанд.
Идрис Ҳасанов дар боздошгоҳи муваққатии шаҳри Метз ва Хуршед Наимов дар боздоштгоҳи муваққатии як шаҳри дигари Фаронса нигаҳдорӣ мешаванд.
Идрис Ҳасанов мегӯяд, ки ҳукумати Фаронса барояш вакили дифоъ ҷудо кардааст, вале ӯ наздаш дер-дер меояд ва вақте ҳам меояд, бинобар монеаҳои забонӣ, мушкилашро бо ӯ дар миён гузошта наметавонад.
Талошҳои Радиои Озодӣ барои сӯҳбат бо вакили фаронсавии Идрис Ҳасанов натиҷа надод.
Худи Идрис Ҳасанов мегӯяд, ки дар оғози боздошташ як вакили дифоъ аз дохили Тоҷикистон ваъда дода буд, ки зарфи чанд рӯз мушкилашро ҳал мекунад.
Ба гуфтаи наздикони Идрис Ҳасанов дар Тоҷикистон, ин вакили мудофеъ барои хизмати ҳуқуқиаш 8 ҳазор сомонӣ гирифт, вале пас аз он, ки натавонист барои раҳоии ӯ коре анҷом диҳад, маблағро пас гардонд.
Идрис Ҳасанов мегӯяд, тариқи "Телеграм" ба Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ҳам муроҷиат кард, вале то кунун посухе дарёфт накардааст.
Идрис Ҳасанов, ки зодаи Кӯлоб мебошад, соли 2024 аз Литва ба Олмон кӯчида, ба боркашонӣ машғул будааст.
Ӯ соҳиби се фарзанд мебошад.
Гуфтугӯ