Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе ниммарафони байналмилалӣ доир мешавад

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

18-уми апрел дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи анъанавӣ дар баробари варзишгарони тоҷик давандаҳои ҳирфаӣ аз кишварҳои хориҷӣ ширкат хоҳанд кард.

Ниммарафони байналмилалӣ, ки бо тасмими раиси шаҳри Душанбе сар аз соли 2010 барпо мегардад, баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта доир мешавад.

Барои баргузории ниммарафони XVI байналмилалӣ шаҳрдорӣ беш аз 500 000 сомонӣ ихтисос додааст. Варзишгароне, ки ҷойҳои аз якум то шашумро байни мардон ва занон ишғол мекунанд, бо ҷоизапулӣ сарфароз мегарданд: ҷойи якум – 33 250 сомонӣ, ҷойи дуюм – 28 500 сомонӣ, ҷойи сеюм – 23 700 сомонӣ, ҷойи чаҳорум – 14 250 сомонӣ, ҷойи панҷум – 12 350 сомонӣ, ҷойи шашум – 9 500 сомонӣ.

Инчунин, ба варзишгарони ҳаваскор, ки ба масофаи 5 километр медаванд, барои ҷойи якум 7 700 сомонӣ, ҷойи дуюм – 5 500 ва ҷойи сеюм 3 300 сомонӣ тақдим мегардад.

Ниммарафон, ки дар масофаи 21,97 километр доир мегардад, аз «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ, ба поён мерасад.

Бояд гуфт, ки ниммарафони байналмилалӣ аз соли 2014-ум ба тақвими мусобиқоти Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур шомил шудааст.

Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ (2010-2025):

Мардон

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Русия)

2012 – Андрей Петров (Узбекистон)

2013 – Андрей Петров (Узбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Русия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

2022- Ту Лезарус (Кения)

2023 - Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

2024-Виталий Шафа (Украина)

2025 - Шоҳрух Давлатов (Узбекистон)

Занон

2010 – Надежда Поволяева (Русия)

2011 – Алёна Самохвалова (Русия)

2012 – Камила Ханипова (Русия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Русия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 - Даря Маслова (Қирғизистон)

2022- Теку Бкелу Абеб (Ҳабашистон)

2023 - Тунгускова Екатерина (Узбекистон)

2024 - Азизахон Мирзоакбарова (Узбекистон)

2025 -Екатерина Тингускова (Узбекистон)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG