Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XX осиёӣ омода мешаванд

Варзишгарони тоҷик тирамоҳи имсол дар се чорабинии маҷмуии варзишӣ иштирок хоҳанд кард, ки бузургтарини онҳо Бозиҳои XX осиёӣ мебошанд.

Бозиҳои XX осиёӣ аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Нагояи Ҷопон доир мегарданд. Дарвоқеъ, Ҷопон бори аввал соли 1994 мизбони Бозиҳои осиёӣ шуда буд ва Нагоя пас аз Токио ва Хиросима сеюмин шаҳри мизбони бозиҳо дар Ҷопон мешавад.

Бозиҳо 16 рӯз давом мекунанд ва иншооти асосӣ Nagoya City Mizuho Park Athletic Stadium хоҳад буд. Дар бозиҳо ширкати варзишгарон аз 45 кишвари Осиё дар назар аст ва шумораи умумии варзишгарону масъулони дастаҳо 15 000 нафарро ташкил медиҳад.

Ба барномаи бозиҳо 41 намуд, ба мисли варзиши сабук, шиноварӣ, бокс, гуштӣ, ҷудо, таэквондо, камонварӣ, баскетбол, қаиқронӣ, ҷиу-ҷитсу, кураш, муҳорибаҳои омехта (ММА), кабаддӣ, крикет, сепак такрав, киберспорт ва ғайра шомиланд.

Варзишгарони тоҷик дар риштаҳои варзиши обӣ, камонварӣ, варзиши сабук, бокс, қаиқронӣ дар каноэ, ҷудо, каратэ, кураш, ҷиу-ҷитсу, ММА, таэквондо, гуштӣ ва ушу ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои XIX осиёӣ дар Ҳангҷоуи Чин варзишгарони тоҷик ҳафт медал: ду тило, як нуқра ва чаҳор биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Муштзан Давлат Болтаев ва ҷудокор Сомон Маҳмадбеков медали тило гирифтанд. Темур Раҳимов дар риштаи ҷудо барандаи медали нуқра гардид. Беҳрӯзӣ Хоҷазода (ҷудо), Миҷгона Самадова (бокси занона), Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров (ҳарду дар риштаи кураш) соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Баъдан, аз 31-уми октябр то 13-уми ноябр, пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар - Бозиҳои IV олимпии наврасонро мизбонӣ мекунад. Ин аввалин бор аст, ки як кишвари африқоӣ бозиҳои олимпиро мегузаронад.

Ба барномаи бозиҳо 25 намуди варзиш ворид аст ва дар мусобиқот наздики 3000 варзишгари то 17-сола ширкат мекунанд. Имсол тартиби нави интихоби варзишгарон ба Бозиҳои олимпии наврасон роҳандозӣ мешавад.

Қаблан варзишгарон роҳхат мегирифтанд, ҳамакнун бо тасмими Кумитаи байнулмилалии олимпӣ иштироккунандагони Бозиҳои олимпии наврасонро федератсияҳои байнулмилалӣ дар асоси радабандии ҷаҳонӣ интихоб менамоянд.

Мавсими варзишии соли 2026 бо Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ ба поён мерасад. Ин чорабиниро аз 28-уми ноябр то 7-уми декабр Арабистони Саудӣ мизбонӣ мекунад. Дар бозиҳо иштироки варзишгарон аз 45 кишвари Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, инчунин кишварҳои Уқёнус дар назар аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG