Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии футболи Тоҷикистон ба қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт

Мухтасар

  • Тими миллии футболи Тоҷикистон

Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро муқобили мунтахаби Филиппин бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, дар гурӯҳи “А” бо 14 имтиёз мақоми аввалро касб намуд ва бори дуюм ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳхат гирифт.

Бозии даври охирин дар гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин шаби сешанбеи 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури беш аз 15 ҳазор тамошобин доир гардид.

Тақдири роҳхати ягона аз гурӯҳи “А” ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Филиппин ҳал шуд. Футболбозони тоҷикро дар ин бозии тақдирсоз натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекард. Аммо ба филиппиниҳо барои дарёфти роҳхат дар бозӣ бо мизбонон танҳо пирӯзӣ зарур буд.

Ҳарду гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Ҳамлагари филиппиниҳо Рафаэл Обермайр дар дақиқаи 19-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро ҳамлагари мизбонон Шериддин Бобоев дар дақиқаи 40-ум зад.

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Фидиппинро гурӯҳи доварон аз Ҷопон ҳакамӣ кард. Довари FIFA Хироки Касахара сардовари бозӣ буд. Пратап Сингҳ аз Ҳиндустон нозири доварон ва Алим Орифов аз Узбекистон комиссари бозӣ таъйин шуда буданд.

Ёдовар мешавем, бозии тимҳои миллии Филиппину Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”, ки 10-уми июни соли гузашта дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити»-и шаҳри Капас доир гардида буд, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Дар маҷмуъ, аз 15-уми майи соли 2008 то 31-уми марти 2026 тимҳои миллии Тоҷикистону Филиппин 9 бозӣ анҷом доданд: дар чаҳор дидор филиппиниҳо, дар як бозӣ футболбозони тоҷик пирӯз шуда, чаҳор бозӣ мусовӣ гаштааст.

Пас аз натиҷагирии бозии Тоҷикистону Филиппин дар радабандии FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) Тоҷикистон се зина поин - ба ҷойгоҳи 103-юм фуромад ва Филиппин як зина боло рафт - 135-ум.

Дар бозии дигари даври шашум дар гурӯҳи “А” тими Молдив дар майдони худ бар мунтахаби Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ин бозӣ 31-уми март дар шаҳри Мале, дар Варзишгоҳи миллии футболи Молдив, доир гардид.

Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Бозигари меҳмонон Александро Бахито дар дақиқаи 67-ум ҳисобро кушод. Ду голи мизбононро Муҳаммад Ируфаан дар дақиқаи 89-ум ва Алӣ Фасир дар дақиқаи 90+4 ба самар расонданд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври шашуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Тоҷикистон ва Филиппин 14-имтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон (14-3) ҷойи аввал ва Филиппин (16-6) ҷойи дуюмро ишғол карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии Горан Стеванович, мутахассиси 59-солаи сербиягӣ, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт.

Ба ғайр аз тими миллии Филиппин, дастаҳои мунтахаби Молдив ва Тимори Шарқӣ, ки бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро касб намуданд, аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гаштанд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027

Гурӯҳи “А”

Даври шашум

31-уми март (сешанбе)

Молдив - Тимори Шарқӣ – 2:1

Голҳо: Александро Бахито, 67 (0:1), Муҳаммад Ируфаан, 89 (1:1), Алӣ Фасир, 90+4 (2:1).

Мале. Варзишгоҳи миллии футболи Молдив

Тоҷикистон – Филиппин – 1:1

Голҳо: Рафаэл Обермайр, 19 (0:1), Шериддин Бобоев, 40 (1:1)

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Содиқҷон Қурбонов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Алишер Шукуров (Амирбек Ҷӯрабоев), Эҳсони Панҷшанбе, Далер Шарипов (Муҳаммадҷон Раҳимов), Шервонӣ Мабатшоев (Рустам Соиров), Парвизҷон Умарбоев (капитан), Шериддин Бобоев (Алиҷон Кароматуллозода).

Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ, 15200 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”:

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Тоҷикистон642014-314
2Филиппин642016-614
3Молдив61053-133
4Тимори Шарқӣ61054-153

Ба ин тартиб, тими миллии футболи Тоҷикистон бори дуюм дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2023 дастоварди тозаеро дар таърихи варзиши кишвар сабт намуда буд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар бозии аввалро бо Чин бо ҳисоби 0:0 анҷом дода, дар даври дуюм аз қатариҳо бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва дар бозии даври сеюм Лубнонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, дар гурӯҳи “А” бо чаҳор имтиёз мақоми дуюмро соҳиб шуд ва ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ пайдо кард.

Мунтахаби Тоҷикистон бо шикаст додани тими Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (замони асосӣ ва изофа – 1:1, аз рӯи пеналти - 5:3) ба чорякфинал баромад. Аммо футболбозони тоҷик дар бозии даври чорякниҳоӣ аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда, аз ҳаққи иштирок дар нимфинали Ҷоми Осиё-2023 маҳрум гаштанд.

Дастаи мунтахаби Қатар, ки 10-уми феврали соли 2024 дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Лусаил дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Урдунро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, бори дуюм пайиҳам ба унвони қаҳрамони футболи Осиё даст ёфт.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

То ҳоло панҷ дастаи мунтахаб, ки ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтаанд, маълуманд. Инҳо тимҳои миллии Тоҷикистон аз гурӯҳи “А”, Сингапур аз гурӯҳи “С”, Тайланд аз гурӯҳи “D”, Сурия аз гурӯҳи “Е” ва Ветнам аз гурӯҳи “F” мебошанд.

Тақдири роҳхати охирин дар бозии даври шашум дар гурӯҳи “В” байни ду дастаи пешсаф - Лубнон ва Яман, ки ба рӯзи 4-уми июн мавқуф гузошта шудааст, ҳал мегардад. AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) макон ва вақти оғози ин бозии ҳалкунандаро дертар муайян хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG