Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Улан-Батор

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки аз 30-юми март то 10-уми апрел дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Ба иттилои сомонаи asianboxing.org дар маҷмуъ 230 муштзан аз 25 кишвари Осиё иштироки худро дар қаҳрамонии Осиё тасдиқ намудаанд. Мардон дар 10 вазн ва занон низ дар 10 вазн рақобат мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон 9 муштзан (7 мард ва 2 зан) дохиланд. Дар сақати мардон Тоҷикистонро Анушервон Фозилов (-55 кг), Акмал Убайдов (-60 кг), Руслан Ғафуров (-65 кг), Шамшер Саидов (-70 кг), Некрӯз Салимов (-80 кг), Парвиз Каримов (-90 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+90 кг) ва дар сабқати занон Миҷгона Самадова (-57 кг), Бибинашастамо Холова (-60 кг) муаррифӣ менамоянд.

Мусобиқа дар Улан-Батор яке аз бонуфузтарин дар таърих хоҳад буд ва беҳтарин варзишгарони қора бори дигар дар ринг рӯбарӯ мешаванд.

Ба назари коршиносон, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Улан-Батор муштзанҳои Қазоқистон, Узбекистон, Чин ва Ҳиндустон муддаиёни аслии ҷоизаҳо маҳсуб меёбанд.

Дар ин мусобиқа барандагони ҷоизаҳо ва қаҳрамонҳои олимпӣ, инчунин ситораҳои нав аз саросари қитъа ширкат хоҳанд кард. Ин як мусобиқаи сатҳи олӣ хоҳад буд, ки дар он қавитарин муштзанҳои Осиё пас аз Бозиҳои олимпии соли 2024 ба ринг бармегарданд.

Дар байни иштироккунандагони калидӣ қаҳрамони олимпӣ аз Чин Ву Ю, инчунин қаҳрамони таърихӣ Лин Ю-тинг аз Тайбейи Чин ва барандаи медали нуқраи олимпӣ Нурбек Оралбой аз Қазоқистон ҳастанд.

Ба ҳайати дастаи Ҳиндустон барандаи медали биринҷии олимпӣ Ловлина Боргохайн, инчунин иштироккунандагони Бозиҳои олимпӣ Некҳат Заррин, Пуҷа Рани, Прити ва Ҷасмин шомиланд.

Қазоқистон дастаи пурқувватро ба ринг мебарорад, ки ба ҳайаташ Маҳмуд Собирхон, Ойбек Оралбой ва Валентина Халзова дохиланд. Насли нави олимпичиёни узбек - Сабина Бобоқулова, Нигина Уктамова, Ситора Турдибекова низ ба мусобиқа омодагии ҷиддӣ дидаанд.

Урдуниҳо Ҳусейн Иашаиш, Обада Ал-Касбеҳ ва Зиёд Иашаш низ ҳамроҳ бо барандаи медали биринҷии олимпӣ Сукими Намики аз Ҷопон ва ширкаткунандаи бозиҳо Севон Оказава ба ринг мебароянд.

Ҳайати муштзанҳои қавиро намояндаи Тоҷикистон, иштирокчии Бозиҳои олимпӣ Миҷгона Самадова, инчунин барандаи медали таърихии олимпӣ аз Кореяи Ҷанубӣ Им Э-Ҷи тақвият хоҳанд дод.

Ба гайр аз олимпичиён боз истеъдодҳои дурахшони дигар, ба мисли Торехан Собирхон, Хуан Сяо-вен ва Чин Нян-чин аз Тайбейи Чин, Мунгунсаран Балсан аз Муғулистон, Нарендер, Сачин ва Вишванат Суреш аз Ҳиндустон, Велван Тан аз Сингапур, Ҷавоҳир Абдураҳимов ва Азиза Зокирова аз Узбекистон низ таваҷҷуҳро ба худ ҷалб хоҳанд кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG