Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дастаи олимпии Тоҷикистон бар Бутан

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) зери раҳбарии Мубин Эргашев дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи байнулмилалии «The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026», ки дар Ҳиндустон ҷараён дорад, тими Бутанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

Ин бозӣ 25-уми март дар варзишгоҳи «Golden Jubilee”-и шаҳри Юпия доир шуд. Голи ягонаро ҳамлагар Масрур Ғафуров, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз тими “Истиқлол"-и Душанбе даъват шудааст, ба самар расонд.

Дар даври ояндаи ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки рӯзи сешанбеи 31-уми март доир мегардад, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо тими мизбон – Ҳиндустон - рақобат мекунад.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби олимпии Тоҷикистон соли оянда дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 иштирок хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “К”, ки аз 3-юм то 9-уми сентябри соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид, бар тими Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуда, аз дастаҳои Филиппину Сурия бо ҳисоби якхелаи 0:1 шикаст хӯрд.

Дар ҷадвали гурӯҳи “К” мунтахаби ҷавонони Сурия бо 9 имтиёз мақоми аввал ва дастаи Филиппин бо 6 имтиёз мақоми дуюмро соҳиб шуда, ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд. Аммо дастаҳои Тоҷикистон бо 3 имтиёз сеюм ва Непал бидуни имтиёз чаҳорум шуда, аз ҳаққи иштирок дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа маҳрум гаштанд.

Дастаи мунтахаби Ҷопон, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 байни ҷавонони то 23-сола 24-уми январи имсол дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, дар варзишгоҳи "Prince Abdullah Al Faisal Sports City” тими Чинро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод, бори сеюм ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф гардид.

Барои ҷойи сеюм дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ветнам ва Кореяи Ҷанубӣ мубориза бурданд. Замони асосӣ ва изофаи дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар задани силсилазарбаҳои пеналтӣ кори футболбозони ҷавони Ветнам омад кард ва онҳо бо ҳисоби 7:6 пирӯз шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG