Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), то рӯзи 17-уми март барои иштирок дар мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии Осиё дар Чин 83 варзишгар (49 мард ва 34 зан) аз 10 кишвари қора номнавис шудаанд.
Варзишгарон барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар (9 мард ва 4 зан) дохиланд:
Мардон
Меҳрзод Суфиев (-60 кг);
Обид Ҷебов (-66 кг);
Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг);
Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг);
Сомон Маҳмадбеков (-81 кг);
Беҳрӯзи Хоҷазода (-81 кг);
Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг);
Шодмон Ризоев (-90 кг);
Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг).
Занон
Аҳлия Муъминова (-48 кг);
Мадина Қурбонзода (-52 кг);
Александра Кан (-57 кг);
Виктория Киселёва (+78 кг).
Барномаи мусобиқа:
16-уми апрел (панҷшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
17-уми апрел (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
18-уми апрел (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал (2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.
Медалҳои нуқраро Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) гирифтанд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов (ҳарду дар вазни - 66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Бояд зикр намуд, пас аз ду бор пирӯз шудани паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило дар қаҳрамонии ҷудои Осиё (солҳои 2016 ва 2017) дар Тошканд дигар касе аз Тоҷикистон то ҳоло дар ин мусобиқот дар ин риштаи олимпии варзиш медали тило ба даст наовардааст.
Зимнан, пеш аз қаҳрамонии Осиё дар Чин, рӯзҳои 20-22-юми март дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Grand Slam-2026) баргузор мегардад.
Дар ин мусобиқа ҳафт нафар паҳлавонони ҷавони тоҷик дар сабқати мардон ширкат меварзанд: Рамзиддин Азизов (-60 кг), Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Искандар Маҳмадхоҷазода (-66 кг), Сайфиддин Сайфиддинзода (-81 кг), Абубакр Шеров (-81 кг), Ардашери Ҳамза (-90 кг), Озарахш Ҳомидов (-90 кг).
Гуфтугӯ