Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ, ки рӯзи 13-уми март дар шаҳри Душанбе доир гардид, дар даври муқаддамотии Ҷоми миллӣ ҳашт ҷуфт ташкил карда шуд.
Бозиҳои аввали даври муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2026 рӯзҳои 21-22-юми апрел доир шуда, дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд:
«Моҳир» (Ёвон) - «Ҳулбук» (Восеъ)
«Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) - «Ҷилликӯл» (Дӯстӣ)
«Шодмон» (Ҳисор) - «Панҷшер» (Балхӣ)
«Мастчоҳ» (Мастчоҳ) - «Исфара» (Исфара)
«Сомон» (Данғара) - «Саразм» (Панҷакент)
«Душанбе» (Душанбе) - «Шоҳмансур» (Душанбе)
«Рахш» (Восеъ) - «Норак» (Норак)
«Рангон» (Рӯдакӣ) - «Саройкамар» (Панҷ)
Ғолибони даври якум ба даври дуюм роҳ пайдо мекунанд. Бозиҳои даври дуюм рӯзҳои 12-13-уми май баргузор мешаванд. Аз рӯи натоиҷи даври дуюм чаҳор даста ба қисми асосии Ҷоми Тоҷикистон-2026 роҳхат мегирад.
Мувофиқи низомнома бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мубориза барои Ҷоми кишвар-2026 аз марҳилаи 1/8-ниҳоӣ ҳамроҳ мешаванд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025, ки 14-уми сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, тими “Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, бори ҳаштум Ҷоми миллиро соҳиб шуд ва ба Лигаи дуюми қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2025/26 роҳхат гирифт.
Маблағи ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медод. Ба дастаи ғолиб – “Регар-ТадАЗ” - 60 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар финал мағлубшуда – “Эсхата” - 40 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 36-ум сурат хоҳад гирифт. Ҷоми миллиро аз ҳама бештар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе (10 бор) ва тими “Регар-ТадАЗ” (8 бор) ба даст овардаанд.
НАТОИҶИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992-2025):
1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «ҲИМА» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «ҲИМА (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 6:5
2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 3:2
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 4:2
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0
2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2
2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 5:4
2023 – «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) –– 1:1. Аз рӯи пеналти – 2:4
2024 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) –– 2:1
2025 - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Эсхата» (Хуҷанд) –– 5:0
Гуфтугӯ