Мавсими нави лигаи олӣ бо ширкати 12 даста дар ду марҳила доир мегардад. Дар маҷмуъ ҳар як даста дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки дар мусобиқаи соли 2026 мақоми охиринро ишғол менамояд, ба лигаи якум меафтад ва бошгоҳе, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.
Иштироккунандагони мусобиқаи лигаи олӣ (аз рӯйи алифбо):
«Барқчӣ» (Ҳисор)
«Вахш» (Бохтар)
«Истаравшан» (Истаравшан)
«Истиқлол» (Душанбе)
КМВА (Душанбе)
«Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд)
«Равшан» (Кӯлоб)
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
«Сардор» (Турсунзода)
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
«Ҳосилот» (Фархор)
«Эсхата» (Хуҷанд)
Даври якум
6-уми март (ҷумъа)
Оғози бозиҳо - соати 16:00
«Регар-ТадАЗ» – «Равшан»
«Ҳосилот» – КМВА
7-уми март (шанбе)
Оғози бозиҳо - соати 16:00
«Истиқлол» – «Сардор»
«Хуҷанд» – «Эсхата»
8-уми март (якшанбе)
Оғози бозиҳо - соати 16:00
«Парвоз» – «Истаравшан»
«Вахш» – «Барқчӣ»
Бар асоси муқаррароти Лигаи футболи Тоҷикистон давраи бақайдгирӣ ва қабули дархостҳо барои бозигарони бошгоҳҳои лигаи олӣ ҷиҳати иштирок дар мавсими соли 2026, ки 25-уми феврал шуруъ шуда буд, 5-уми март ба поён мерасад.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи порсолаи лигаи олии Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб шуда буд. Зимнан, “Истиқлол” дар таърихи худ бори чордаҳум ва маротибаи дувоздаҳум пайиҳам ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт.
Дастаи “Вахш”-и Бохтар, ки мақоми дуюмро гирифт, соҳиби медалҳои нуқра гардид.
КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе ҷойи сеюмро соҳиб шуда, медалҳои биринҷии мусобиқаро ба даст овард.
Тими «Ҳулбук»-и Восеъ, ки дар зинаи 11-ум ҷойгир шуд, бо дастаи «Сардор»-и Турсунзода, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи лигаи якум, барои боқӣ мондан дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ анҷом дод. Аз рӯйи натоиҷи ду бозӣ (2:2 ва 2:0) тими “Сардор” ба мусобиқаи Лигаи олӣ дар соли 2026 роҳхат гирифт.
Дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар ҷадвали мусобиқаи порсола зинаи охиринро ишғол кард, лигаи олиро тарк намуд. Ба ҷойи “Панҷшер” имсол дар Лигаи олӣ тими “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, ки дар лигаи якум ғолиб шуд, иштирок мекунад.
Гуфтугӯ