Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдими ҷоизаҳо ба беҳтаринҳои варзиши тоҷик дар соли 2025

Дар як маросими ботантана, ки рӯзи 18-уми феврал дар Душанбе доир гардид, ба беҳтаринҳои варзиши тоҷик дар соли 2025 ҷоизаҳо супурда шуд.

67 варзишгари тоҷик ва мураббиёни онҳо барои дастовардҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2025 бо ҷоизаи президенти Тоҷикистон сарфароз гаштанд.

Мақомот гуфтанд, пули ҷоиза, ки аз Фонди захиравии президент ҷудо шуда буд, 2 миллиону 40 ҳазор сомониро ташкил медод. Маблағи Фонди захиравии президент аз ҳисоби будҷаи Тоҷикистон ҷудо мешавад.

Бояд зикр намуд, соли 2025 варзишгарони тоҷик дар як қатор мусобиқаҳои бузурги ҷаҳонӣ ширкат варзида, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Аз ҷумла, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудо ва бокси ҷаҳон онҳо панҷ медал ба даст оварданд.

Эмомалӣ Нуралӣ дар риштаи ҷудо ва Хусравхон Раҳимов дар риштаи бокс медали нуқра гирифтанд. Паҳлавонон Обид Ҷебов ва Темур Раҳимов, инчунин муштзан Акмал Убайдов бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дастоварди паҳлавони умедбахши тоҷик Муҳиддин Асадуллоев низ қобили қайд аст. Ӯ дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон байни ҷавонон соҳиби медали тило гардид.

Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, соли 2025 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал (140 нишони тило, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ) гирифтанд, ки ин нисбат ба соли 2024 62 адад зиёд аст.

Аммо варзишгарони тоҷик соли гузашта натавонистанд дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медали тило ба даст биёранд. Зимнан, пас аз пирӯзии гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар қаҳрамонии ҷаҳон соли 1995 дар шаҳри Ҳётеборги Шведсия, 30 сол инҷониб касе аз Тоҷикистон дар навъҳои олимпии варзиш медали тило нагирифтааст.

Ҳамчунин дар ин маросим ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои дигар, ба мисли «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол» ва ғайра бо ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мукофотонида шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG