Ҳарду даста дар даври ниманиҳоии мусобиқа, ки 17-уми феврал дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, ба рақибонашон пирӯз шуда, ба финал баромаданд.
Дар бозии аввали ниманиҳоӣ «Барқчӣ» бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Ҳарду голро легионери африқоӣ аз Гана Дуби Рамин ба самар расонд.
Дар бозии дигари ниманиҳоӣ «Ҳулбук» бо «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ рақобат кард. Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Аз рӯйи силсилазарбаҳои пеналти «Ҳулбук» бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуд.
Ба ин тартиб, рӯзи ҷумъаи 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 10:30 «Ҳосилот» ва «Панҷшер» дар бозӣ барои ҷойи сеюм, соати 15:00 «Барқчӣ» ва «Ҳулбук» дар финали Ҷоми ФФТ-2026 вориди рақобат мешаванд.
Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 50 ҳазор сомонӣ, ба барандаи медали нуқра 30 ҳазор сомонӣ ва ба соҳиби нишони биринҷӣ 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.
Ҷоми ФФТ сар аз соли 2012 бори понздаҳум сурат гирифтааст. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – ҳафт бор - “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ шудаанд.
НАТОИҶИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ФФТ (2012-2025):
2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯйи пеналти – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1
2019 – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2
2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1
2022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:4
2023 – КМВА (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2024 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:0
2025 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА (Душанбе) – 2:0
Гуфтугӯ