Дар аввалин мусобиқаи имсолаи сайри ҷаҳонии ҷудо - Paris Grand Slam 2026, ки рӯзҳои 7-8-уми феврал дар пойтахти Фаронса – шаҳри Порис – баргузор мегардад, ҳафт паҳлавони тоҷик иштирок хоҳад кард.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Порис (Paris Grand Slam 2026) то рӯзи 23-юми январ 538 варзишгар (333 мард ва 205 зан) аз 83 кишвар номнавис шудаанд.
Дар ин мусобиқа ҳафт паҳлавони тоҷик - Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров, Абубакр Боқиев (ҳарду дар вазни -81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Абубакри Акобир (-100 кг) – дар сабқати мардон барои медалҳо ва ҷоизаҳои молӣ мубориза хоҳанд бурд.
Барномаи Paris Grand Slam 2026:
7-уми феврал (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг,-63 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг, -73 кг байни мардон.
8-уми феврал (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -70 кг,-78 кг, +78 кг миёни занон; -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Маблағи умумии ҷоизаҳои Paris Grand Slam 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида мешаванд.
Инчунин ғолибону ҷоизадорон ва ширкаткунандагони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии инфиродии ҷаҳонии ҷудо мегарданд.
Бояд зикр намуд, соли гузашта мусобиқаи Paris Grand Slam бидуни варзишгарони тоҷик баргузор шуда буд. Соли 2024 бошад, паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқа иштирок карда, натавонистанд медал бигиранд. Аз байни 9 гуштигири тоҷик чаҳор нафар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Абубакр Шеров (ҳарду дар вазни то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) - натиҷаҳои хубтар нишон дода, мақоми панҷумро касб намуданд.
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) як қатор мусобиқаҳои бузург ва бонуфузро дар соли 2026 миёни бузургсолон ба нақша гирифтааст, ки дар онҳо ширкати варзишгарони тоҷик низ дар назар аст.
Паҳлавонони тоҷик пас аз Paris Grand Slam дар Фаронса, рӯзҳои 27-уми феврал – 1-уми март дар Tashkent Grand Slam (Узбекистон), 20-22-юми март дар Tbilisi Grand Slam (Гурҷистон), 1-3-юми май дар Dushanbe Grand Slam (Тоҷикистон), 8-10-уми май дар Qazaqstan Barysy Grand Slam (Қазоқистон), 11-12-уми июн дар Сhina Asian Open (Чин), 19-21-уми июн дар Ulaanbaatar Grand Slam (Муғулистон), 26-28-уми июн дар Qingdao Grand Prix (Чин), 11-12-уми июл дар Taipei Asian Open (Тайпейи Чин), 11-13-уми сентябр дар Hangary Grand Slam (Маҷористон), 4-11-уми октябр дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (инфиродӣ ва даставии омехта) дар Боку (Озарбойҷон), 29-31-уми октябр дар Abu Dhabi Grand Slam (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ), 13-15-уми ноябр дар Zagreb Grand Prix (Хорватия) ва 5-6-уми декабр дар Tokyo Grand Slam (Ҷопон) иштирок хоҳанд кард.