Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп гуфт, барои гирифтани Гренландия аз нерӯ истифода намекунад


Доналд Трамп ҳангоми суханронӣ дар Давос
Доналд Трамп ҳангоми суханронӣ дар Давос

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки барои гирифтани Гренландия аз нерӯ истифода нахоҳад кард, аммо азмаш барои ба даст овардани ин ҷазира ҷиддист.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки барои ба даст овардани назорати Гренландия аз нерӯи низомӣ истифода нахоҳад кард, вале мехоҳад гуфтушунидҳоро дар мавриди хариди ин ҷазира идома диҳад. Доналд Трамп, рӯзи 21-уми январ зимни суханронӣ дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давоси Швейтсария Гренландияро «қаламрави мо» номид.

Чанд соат пас аз ин суханронӣ, Трамп аз қасдаш барои ситонидани боҷҳои иловагии гумрукӣ аз баъзе кишварҳои аврупоӣ, ки бо сиёсати ӯ дар мавриди Гренландия мухолифат мекарданд, даст кашид.

Дар суханронии деринтизоре, ки боиси нигаронии сахт дар кишварҳои узви НАТО шуда буд, Трамп гуфт, ки соҳиб шудан бар Гренландия як масъалаи амнияти дохилии Амрикоӣ ва амнияти байналмилалӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, танҳо Вашингтон қудрат дорад, ки ин ҷазираро аз таҳдидҳои кишварҳои дигар муҳофизат кунад.

"Ман нерӯ истифода нахоҳам кард"

Трамп номи ин кишварҳоро нагирифт, вале дар баёнияҳои пешинаи худ аз таҳдидҳои Русия ва Чин ба Гренландия, як қаламрави мухтори тобеи Дания сухан гуфта буд.

Доналд Трамп зимни суханрониаш дар Давос гуфт: «Ман хостори гуфтушунидҳои фаврӣ ҳастам, то бори дигар мавзӯи харидории Гренландия аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаро баррасӣ кунем.»

Ӯ баъдан афзуд: «Ман маҷбур нестам, ки нерӯ истифода кунам. Ман намехоҳам, нерӯ истифода кунам. Ман нерӯ истифода нахоҳам кард».

Ин суханони Трамп хилофи баёнияҳои қаблиаш ҳастанд, ки гуфта буд, истифодаи нерӯ барои ба даст овардани Гренландияро сарфи назар намекунад.

Дар вокуниши аввалия ба ин суханон, Ларс Лёкке Расмуссен, вазири корҳои хориҷии Дания гуфт, ки кишвараш ба гуфтушунид омода аст. Ӯ афзуд: «Он чизе, ки пас аз ин суханронӣ комилан равшан шуд, ин аст, ки орзуву ҳадафҳои президент бетағйир мондаанд.» Вазир ҳамчунин гуфт, ки суханони раиси ҷумҳур дар бораи истифода накардани нерӯи низомӣ «мусбат» аст.

Аммо Трамп ошкоро баён дошт, ки ҳадафи ӯ барои ба даст овардани назорати Гренландия қатъӣ боқӣ мемонад ва ба назар мерасад, ки ин масъаларо ба тааҳудоти Вашингтон ба НАТО рабт медиҳад.

Доналд Трамп гуфт: «Мо барои ҳифзи ҷаҳон як порча ях мехоҳем ва онҳо онро ба мо намедиҳанд. Мо ҳеҷ чизи дигаре нахоҳем пурсид. Бинобар ин онҳо интихоб доранд. Шумо метавонед «бале» гӯед ва мо хеле миннатдор хоҳем буд. Ё метавонед «на» гӯед ва мо инро дар хотир хоҳем дошт. Амрикои қавӣ ва амн маънои НАТО-и қавиро дорад.»

Раҳбарони дигари аврупоӣ дар рӯзҳои охир аз мавқеи Дания ба таври ошкоро ҳимоят кардаанд. Дипломатҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки суханронии Трамп нигарониҳоро дар кишварҳои Аврупо аз байн намебарад.

Вокунишҳои дипломатҳои Аврупо

Сафири яке аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки нахост номаш фош шавад, гуфт: «Ман намедонам, ки ин иқтибос як таҳдиди ғайримустақим аст ё на, вале ӯ гуфт, ки агар Гренландия ба Амрико тааллуқ дошта бошад, НАТО қавитар хоҳад шуд... Ман фикр мекунам, ки ӯ барои ин мавзуъ вақти зиёде ҷудо кард».

Брэдли Боуман, директори Маркази қудрати низомӣ ва сиёсӣ дар Бунёди дифоъ аз демократияҳо (FDD) дар Вашингтон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ин аз ҷониби бисёриҳо ҳамчун як навъи таҳдид қабул карда мешавад. Ман ҳайрон мешудам, агар Трамп инро раҳо кунад. Ман фикр мекунам, ки вай мисли саг ба устухон ба Гренландия часпидааст. Ҳадди аққал ҳоло, ба назар мерасад, ки ӯ гузинаи низомиро аз рӯйи миз бардоштааст.»

Дипломатҳои дигари Иттиҳоди Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки суханронии Трамп дар Давос «ҳеҷ чизро тағйир надод» ва «чизи наве набуд».

Трамп инчунин кӯшиш кард, ки аз абзорҳои ғайринизомӣ фишор оварад. Ӯ рӯзи 17-уми январ эълон карда буд, ки агар кишварҳои аврупоӣ ба талоши Амрико барои соҳиб шудан ба Гренландия мухолифат кунанд, аз ҳашт кишвари Аврупо боҷҳои иловагии гумрукӣ меситонад. Ҳангоме, ки Трамп дар Давос суханронӣ мекард, Парлумони Аврупо эълон кард, ки кор дар мавриди тасвиби созишномаи тиҷоратии Амрико ва Иттиҳоди Аврупоро, ки моҳи июл ба имзо шуд, бозмедорад.

Аммо чанд соат пас аз суханронии худ дар Давос, Трамп бо нашри баёнияе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки бар асоси созиш бо Марк Рютте, дабири НАТО аз ситодани боҷ даст мекашад. Ӯ навишт: «Ин роҳи ҳал, агар амалӣ шавад, барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва тамоми кишварҳои НАТО олӣ хоҳад буд.»

Дар суханронии худ дар Давос, Трамп бори дигар таъкид кард, ки ҳарчанд Амрико дар Гренландия пойгоҳи низомӣ дорад, вале ба «далелҳои равонӣ» ба назорати комили ҷазира ниёз дорад ва иҷора ё созишномаҳои дигар кифоя нестанд.

Дур кардани таваҷҷӯҳ аз Украина?

Дар ҳоле ки Вашингтон фишорро афзоиш додааст, раҳбарони дигар кишварҳои ғарбӣ дар вокуниш гуфтаанд, ки ин кор ба худи НАТО зиёни ҷиддӣ мерасонад. Марк Карни нахуствазири Канада, рӯзи 20-уми январ дар Давос аз «шикасти» низоми байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико ҳушдор дод.

Эммануэл Макрон раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, таммаркуз ба Гренландия боиси халалдор шудани ҳамкориҳо дар мавриди кишварҳое чун Эрон ва Сурияро хоҳад шуд. Дигар раҳбарони НАТО ҳушдор доданд, ки ин мавзуъ таваҷҷӯҳро аз Украина дур мекунад.

Брэдли Боуман, директори Маркази қудрати низомӣ ва сиёсӣ дар Бунёди дифоъ аз демократияҳо (FDD) дар Вашингтон гуфт: «Вазъ дар робита ба Гренландия вақт, таваҷҷӯҳ ва захираҳоро комилан аз Украина дур мекунад. Манзурам ин аст, ки мо ҳампаймонҳои аврупоӣ дорем, ки дар бораи фиристодани нерӯҳо ба Гренландия сухан мегӯянд... Беҳтар мебуд онҳоро ба Аврупои Шарқӣ бифристанд.»

Аммо таҳлилгари дигар, Даниел Ҳегедус аз маркази таҳлилии «Бунёди Маршалли Олмон» гуфт, Украина воқеан метавонад, аз ин вазъ манфиат гирад: «Ин камбуди таваҷҷӯҳ ба Украина нисбат ба фишори сахт барои маҷбур кардани раҳбарияти Украина ба як созишномаи сулҳи номатлуб ё оташбас бо Русия, зарари камтар мерасонад.»

Трамп дар суханронии худ мухтасар дар бораи Украина ёд кард ва сипас дар бахши саволу ҷавоб ба мавзуи кӯшишҳои сулҳ баргашт. Ӯ гуфт: «Бисёр вақт чунин мешавад, ки мо бо Русия созиш мекунем, Русия омода аст, вале президенти Украина Зеленский онро иҷро намекунад. Шумо инро вақте ки ӯ дар Кохи Сафед буд, дидед. Ман хушнуд набудам. Баъзан раиси ҷумҳур Зеленский мехоҳад созиш кунад, вале Президент Путин намехоҳад», — гуфт Трамп. Баъдтар маълум шуд, ки Трамп қабл аз тарк кардани Давос рӯзи 22-юми январ бо Зеленский мулоқот мекунад.

XS
SM
MD
LG