Ба иттилои Лигаи футзали Тоҷикистон, дастаи “Соро компания”, қаҳрамони феълии кишвар, 26-уми декабр дар Қасри варзиши Хуҷанд силсилабозиҳои ниҳоии Суперлигаро бо пирӯзӣ оғоз карда, тими “Сипар”-и шаҳри Хуҷандро шикаст дод.
Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид. Голҳоро аз ҳайати дастаи меҳмон бозигарони бразилӣ Элан Делон ва Рейналдо. аз ҳайати тими мизбон Виера Де Са Фелиппе ва Иқбол Воситзода ба самар расонданд. Аз рӯйи силсилаи зарбаҳои пеналтӣ “Соро компания” бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.
Дар бозии дуюми ин дастаҳо, ки 27-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, “Сипар” ғолиб омад. Замони асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Аз ҳайати “Сипар” Агналдо Эдуардо ва аз ҳайати “Соро компания” Лукас Наказато муваффақ шуданд. Дар задани силсилаи зарбаҳои пеналтӣ бозигарони “Сипар” маҳорати баланд нишон дода, бо ҳисоби 4:3 пирӯз гаштанд.
Ҳамин тариқ, ҳисоб дар силсилабозиҳои ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон мусовӣ шуд. Мувофиқи низомномаи мусобиқа силсилабозиҳои ниҳоӣ то се пирӯзии яке аз дастаҳо идома хоҳад кард.
Бозиҳои навбатии дастаҳо рӯзҳои 31-уми декабр ва 1-уми январ дар “Кохи Олимп”-и шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаи ниманиҳоӣ “Сипар” аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бар тими “Амонатбонк”-и Душанбе пирӯз шуд. Хуҷандиҳо дар бозии аввал бо ҳисоби 6:3 ғалаба карда, рақобати дуюмро бо ҳисоби мусовии 5:5 анҷом доданд. Дар силсилаи пеналти “Сипар” бо ҳисоби 5:4 ғолиб омад.
Дар ду бозии ҷуфти дигари ниманиҳоӣ “Соро компания” бар “Истиқлол”-и Душанбе бо натиҷаҳои 4:1 ва 3:2 пирӯзӣ ба даст овард.
Дастаҳои “Истиқлол” ва “Амонатбонк” барои медалҳои биринҷӣ мубориза бурданд. “Истиқлол” дар ҳарду бозӣ дастболо шуда, мақоми сеюмро азони худ кард.
Ёдовар мешавем, қаҳрамони феълии мусобиқа дастаи “Соро компания” ба ҳисоб меравад, ки дар силсилабозиҳои ниҳоӣ бар “Истиқлол” ғолиб омада буд.
“Соро компания” қаҳрамони панҷкаратаи Суперлигаи Тоҷикистон аст. Ин даста солҳои 2018, 2019, 2021, 2022 ва 2024 қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст. Соли 2023 “Истиқлол” ғолиби мусобиқа шуда буд.
Гуфтугӯ