Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти Бахши маҷористонии Радиои Озодӣ


Бахши маҷористонӣ ё венгерии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ шаби 21-уми ноябр пахши барномаҳои худро бас кард.

Ин бахши радио панҷ сол пеш бо ҳадафи расондани ахбори дақиқ ва бетараф ба мардуми Маҷористон ё Венгрия кори худро шуруъ карда буд.

Бахш дар муроҷиаташ ба корбарон гуфт, хабарнигорони расона талош карданд "ахбори мустақилро ба мардуми Маҷористон пешниҳод кунанд". Муҳтавои таҳиякардаи ин бахши Радиои Озодӣ дастрас мемонад.

Стивен Капус, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ба кори бахши маҷористонӣ баҳои баланд дод.

Бахши маҷористонии Радиои Озодӣ аз соли 1950 то 1993 фаъолият дошт. Ин бахши радио соли 2020 кори худро аз сар гирифт.

Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико (USAGM) рӯзи 5-уми ноябри имсол ба Конгресс хабар дод, ки сармоягузорӣ ба Бахши маҷористонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро қатъ мекунад. Ин қарор аз 21-уми ноябр ба иҷро даромад.

Тибор Вовес, мудири Бахши маҷористонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар паёми хайрбодиаш аз бинандагон барои таваҷҷуҳ ва дастгириашон иҳори сипос карда гуфт, барои онҳо мояи ифтихор аст, ки ба мардум ахбори муҳимро пешниҳод мекарданд.

XS
SM
MD
LG