Он гуна ки интизор мерафт, интихоботи порлумони Тоҷикистон бо пирузии ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ анҷом ёфт. Ин ҳизб аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон 49 курсиро ба даст овард.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ба гуфтаи Комиссияи марказии интихобот, 7 курсиро соҳиб шуд. Аз Ҳизби демократӣ ва ҳизби сотсиалистӣ як вакилӣ ба порлумон роҳ ёфтанд, вале Ҳизби коммунист имсол пушти дар монд ва сабабаш ҳам маълум нест.
Суол ин аст, ки воқеан ин маърака интихобот буд ва ё ба қавли мухолифони ҳукумат саҳнасозӣ. Ё мардум вакилонашро интихоб кард ё ҳукумат? Кадом?
Дар барномаи "Гапи озод" ин дафъа дар ҳамин бора баҳс мекунем. Меҳмонони барнома: Сайфулло Сафаров, сиёсатшиносу устоди донишгоҳ ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллии Тоҷикистон, як созмони мухолифи ҳукумат.
Гуфтугӯ