Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги ғозе аз як бемории хатарнок барои инсон сабаби бастани боғи вуҳуш шуд


Акси ғозҳои хонагӣ аз бойгонӣ
Акси ғозҳои хонагӣ аз бойгонӣ

Дар Македонияи Шимолӣ дар паи ошкор кардани навъи бисёр сахти сироятии зукоми мурғ боғи ҷонварони шаҳри Скопйе баста шуд.

Дар Македонияи Шимолӣ дар паи ошкор кардани навъи бисёр сахти сироятии зукоми мурғ боғи ҷонварони шаҳри Скопйе баста шуд.

Оҷонсии ғизо ва байтории Македонияи Шимолӣ рӯзи 19 октябр гуфт, хатари паҳн шудани ин навъи беморӣ дар тамоми минтақаи Балкан ба вуҷуд омадааст.

Чунин қарор баъди он қабул шуд, ки ташхиси сабаби марги як ғози сокини кӯли боғи ҷонварони шаҳри Скопйе навъи H5N1-и зукоми мурғро нишон дод.

Давоми 21 рӯз дари боғ ба рӯи тамошобинон баста мешавад ва мутахассисон дар ин ҷо таҳқиқи санитарӣ барпо мекунанд.

Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки як рӯз пеш аз ин вирус дар байни мурғони хонагие дар қаламрави Булғористон ошкор гардид.

Хатари ин навъи вирус на фақат дар бемор ва нобуд кардани ҷонварон аст, балки ба инсон сироят кардани он ҳам мебошад.

XS
SM
MD
LG