Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 4 нафаре, ки тоҷиконро дар Русия “ғорат мекарданд”


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти чаҳор нафаре хабар дод, ки ба қавли мақомот дар Русия муҳоҷирони тоҷикро ғорат ва тороҷ мекарданд.

Муҳаммадҷон Маннонов ва Бобоқул Қориев аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Сафаралӣ Қулматов аз ноҳияи Ёвон ва Комрон Забирзода аз шаҳри Ҳисор ба он муттаҳам мешаванд, ки бо таҳдиду зӯрӣ аз муҳоҷирони тоҷик аз 100 ҳазор то 2 миллион рублро аз они худ кардаанд.

Алиҷон Худойқулов, ки узви дигари гурӯҳ номида мешавад, зоҳиран дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Дар барномаи телевизионии ВКД, ки рӯзи 9-уми октябр дар Интернет нашр шуд, чанде аз ҷабрдидагон шаҳодат доданд, ки ин афрод онҳоро ба ҷангал бурда, теғро дар гулӯяшон гузоштаву пул гирифтаанд.

Аъзои гурӯҳ ҳам зимни бозпурсӣ, ки маълум нест, таҳти кадом шароит сабт шудааст, иқрор мекунанд, ки бо корду туфанг мусаллаҳ буданд ва муҳоҷирони тоҷикро аз ҷойи корашон пайдо карда, бо таҳдиду зӯрӣ “ҳақ” меситонданд.

Ба қавли мақомоти интизомӣ, ин афрод бо номи “Қорӣ”, “Алии риш”, “Ҷамшеди дароз” ва “Бензин” маъруф будаанд.

Вазорати умури дохилӣ нагуфт, ки онҳоро кай дар Русия боздошт карда, ба Душанбе овардаанд, аммо афзуд, ки ҷустуҷӯи аъзои дигари гурӯҳ идома дорад.

XS
SM
MD
LG