Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Гурҷистон даъвои президенти ин кишварро рад кард


Додгоҳи қонуни асосии Гурҷистон даъвои раиси ҷумҳури ин кишвар ва мухолифонро дар бораи як қонуни баҳсбарангез рад кард. Саломе Зурабишвили ва наздики 30 нафар аз роҳбарони мухолифон аз додгоҳ талаб карданд, ки иҷроиши қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ боздошта шавад.

Ин қонуни баҳсбарангезро, ки боиси эътирозҳо дар Гурҷистон ва мухолифати созмонҳои ҳуқуқӣ шудааст, рӯзи 14-уми май вакилони порлумони Гурҷистон қабул карда буданд. Раиси ҷумҳур аз имзои он даст кашид, вале бар асоси қонун раиси порлумон онро имзо кард ва қонун ба иҷро даромад.

Бино ба ин қонун, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳое дар Гурҷистон "агенти хориҷӣ" эътироф мешаванд, ки бештар аз 20 дарсади даромадашон аз хориҷа аст. Норозиён онро тақлид ба қонуни "агентҳои хориҷӣ" дар Русия донистанд.

Қарори ахири Додгоҳи конститутсионии Гурҷистон ба мақомоти ин кишвар иҷозат медиҳад, ки ба маҳдуд кардани кори созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳои мухолиф шуруъ кунанд.

XS
SM
MD
LG