Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои назди Балтик мехоҳанд дар марз бо Русия паноҳгоҳ созанд


Марзи Ҳолланд ва Белорус
Марзи Ҳолланд ва Белорус

Чанд кишвари узви НАТО, ки бо Русия ва Белорус ҳаммарз ҳастанд, барои сохтани хатти дифоӣ дар сарҳад, аз Иттиҳоди Аврупо кумак хостанд.

Мақомоти Эстония рӯзи 28-уми сентябр гуфтанд, ки аъзои НАТО Эстония, Литва, Латвия ва Лаҳистон талош доранд, барои сохтани паноҳгоҳ ва анборҳои низомӣ дар хатти марзи худ бо Русия ва Белорус аз ИА кумаки молӣ дарёфт кунанд.

Тарҳи “Хатти дифои Балтик” моҳи январи имсол муаррифӣ шуда буд. Моҳи май Лаҳистон лоиҳаи ба ин монанд монанди “Сипари шарқӣ”—ро эълом кард. Ин тарҳ мустаҳкам кардани марзи Лаҳистон бо минтақаи Калинингради Русия ва ҳам Белорусро пешбинӣ мекунад.

Ҳанно Певкур, вазири дифои Эстония гуфт, бо назардошти вазъи феълӣ сохтани ин хатти мудофиа зарур аст.

XS
SM
MD
LG