Ин хабарро як мансабдори узбекистонӣ, ки аз раванди гуфтугӯҳо огаҳ мебошад, тасдиқ кардааст.
Тибқи созиш, нафти истихроҷшуда барои коркард тавассути қатора ба Узбекистон интиқол дода мешавад. Манбаи «S&P Global Commodity Insights» гуфтааст, нахустин вагонҳои ҳомили нафти афғонӣ аллакай ба Узбекистон расидаанд.
Ҷузъиёти ин созиш ошкор карда намешавад.
Як манбаъ дар ҳукумати Узбекистон гуфтааст, ки созиши мазкур дар пайи гуфтугӯҳои чандинмоҳа ҳосил шудааст.
Дар ширкати «Saneg» хабарро тасдиқ накарданд ва гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир нафти Афғонистонро коркард намекунанд.