Ба қавли манбаъ, Русия бо 25 бесарнишини “Шаҳид, мушакҳои навъи Искандар, ду мушаки идорашавандаи С-300 ва шаш рокети Х-31 ба шаҳрҳои Украина ҳамла кардааст.
Мушак ва бесарнишинҳои русӣ вилоятҳои Киев, Херсон, Черкаси, Суми, Днепропетровск ва Полтаваро ҳадаф гирифта буданд. Дар бораи хисорот ва талафоти ҷонӣ хабар дода нашудааст.
Русия соли сеюм аст, ки шабонарӯз ба хоки Украина аз осмону замин ҳамла мекунад. Дар як соли ахир Украина дар посух ба хоки Русия тариқи бесарнишин ё дронҳо зарба мезанад.