Бар асоси ин қарор, Бароталӣ Ҳамидзода, сардори пешини пулиси Душанбе аз ҳайати мушовараи ВКД хориҷ шуда, ҷойи ӯро Шоҳрух Саидзода мегирад.
Ҳайати мушовара аз бахшҳои муҳим дар Вазорати корҳои дохилӣ буда, онро вазир Рамазон Раҳимзода роҳбарӣ мекунад.
Саидзодаи 38-сола моҳи июни имсол сардори Раёсати корҳои дохилии Душанбе таъин шуд. Пеш аз ин ӯ бахши кофтукоби ҷиноии ВКД-ро роҳбарӣ мекард.
Шоҳрух Саидзодаро як фарди муҳим дар тасмимгириҳо дар сохтори ВКД медонанд. Тарафдоронаш Шоҳрухро раҳмдил, боадолат ва аз мансабдороне медонанд, ки ба доди ҷабрдидаҳо мерасад. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар замони кори ӯ дар Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ дахолат ба ҳаёти шахсии фаъолони ҷомеа ва шиканҷаву азияти равонии боздоштшудаҳо бештар шуд.